Виткон, Ваткон, Виткундеҳа дар ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Масчо, дар ҳамвории соҳили рости дарёи Зарафшон ва доманаи қаторкӯҳи Зарафшон воқеъ гардидааст. Аз Виткон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 16 км; рощ мошингард. Аҳолиаш 343 нафар (2017).

Деҳа
Виткон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Кӯҳистони Масчо
Ҷамоат Деҳоти Иван-Тоҷик
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 343 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3479

Ицтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷид дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Камодон ва д. Зарафшон обёрӣ мешаванд.

Мардум

вироиш

Аҳолӣ тақрибан дар асрҳои 7–8 сокин шудаанд. Аз рӯйи ривоятҳо бори нахуст дар Виткон Зайд (аз Самарқанд), Бобус (аз Балх) ва Ҳасан (аз Шаҳрисабз) ном шахсон зиндагиро оғоз кардаанд. Зайд дар Виткон ҷӯйбор кашида меорад ва то имрӯз он бо номи «Ҷӯйи Зайд» боқӣ мондааст. Соли 1956 мардумаш ба Дашти Дилварзин иҷборан кӯчонида шуда, Виткон беодам монда буд. Айни замон тақрибан 2 ҳазор нафар аҳолии Виткон дар қитъаи 2-и ноҳияи Масчо, шаҳраки Зарнисори ноҳияи Қайроққум ва ш. Истиқлол (собиқ Табошар) зиндагонӣ мекунанд. Виткон зодгоҳи донишмандон, хатмкардагони мадраса Сангини Шоҳмуҳаммад (шашмақомхон), Домуллобек (Бухоро), Мулло Қурбон (Самарқанд), Мулло Обид (Бухоро), Махсум Мулло Боқӣ (Бухоро), Абдуҷаббори Шоҳмуҳаммад (Тирмиз), арбобони давлатӣ Саидшо Шосаидов, Насим Салимов ва Сироҷуддин Ҳасанов, олим Амон Нуров, мебошад.

Адабиёт

вироиш