Вичуга
Вичуга — шаҳр дар вилояти Ивановои Русия. 71 км дуртар аз қисми шимолу шарқии ш. Иваново ҷойгир аст. Аҳолиаш 36, 9 ҳазор нафар (2014).
Маҳалли аҳолинишин | |||||
русӣ: Вичуга | |||||
|
|||||
Кишвар | Русия | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1925 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 135 м | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 49354 | ||||
Нишонаи почта | 155330–155334 | ||||
vichuga37.ru | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вичуга дар сари роҳи оҳани Маскав – Кинешма ва шоҳроҳи автомобилгарди Кинешма – Иваново воқеъ аст.
Таърих
вироишСоли 1925 дар натиҷаи муттаҳид гардидани 19 шаҳраки коргарӣ, 5 минтақаи саноатӣ ва 6 деҳа таъсис ёфтааст. Дар садаи XIX Вичуга маркази бузурги тиҷоратӣ-саноатӣ ба шумор мерафт. Дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX Вичуга ба маркази бузурги саноатӣ, махсусан саноати нассоҷиву мошинасозӣ табдил ёфт. Корхонаҳои бузургаш: заводи мошинасозӣ, заводи чӯянрезӣ (соли 1877 Ф. Пелёвин таъсис додааст), ки бухориҳо, зинаҳо ва лӯлаҳои чӯянӣ истеҳсол мекунад. Аз соли 2006 техникаҳои борбардор истеҳсол мекунад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Горбунов С. В., Любичев Ю. С. Вичуга: Историко-краеведческий очерк. Ярославл, 1986.
Сарчашма
вироиш- Вичуга // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.