Вишневский, Александр Василевич

Вишневский Александр Василевич (русӣ: Алекса́ндр Васи́льевич Вишне́вский, 23 август (4 сентябр) 1874[3], авули Чирюрт, Доғистон — 13 ноябри 1948, Маскав) — ҷарроҳ, узви ҳақиқии АИТ ИҶШС (1947), Арбоби шоистаи илми ҶШФСР (1934). Асосгузори беҳиссозии узвҳои алоҳида қабл аз ҷарроҳӣ ва дигар анвоъи табобат.

Вишневский, Александр Василевич
Таърихи таваллуд 23 август (4 сентябр) 1874
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 ноябр 1948(1948-11-13)[1] (74 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҷарроҳӣ[d][2], пизишкӣ[2] ва military medicine[d][2]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб[d]
Алма-матер
Шогирдон Александр Александрович Вишневский[d] ва Q65156007?
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
Мукофоти сталинӣ Honored Scientist of the RSFSR
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи Қазон (1899). Мудири клиникаи ҷарроҳии ҳоспиталӣ (1914-25) ва клиникаи ҷарроҳии факултативии Қазон (1926-34). Соли 1947 директори Институти ҷарроҳии АИТ ИҶШС таъйин шуд (аз соли 1948 номи Александр Вишневскийро дорад). Александр Вишневский оид ба роҳҳои беҳиссозии мавзеӣ бо усули инфилтрати хазанда ва таъсири шифобахши ангезиши сусти силсилаи асаб бо маҳлули новокаин ҳангоми баъзе бемориҳо пажӯҳиш анҷом дод, навъҳои гуногуни блокадаи новокаинӣ ва истифодаи онро дар пайвастагӣ бо бандинаи баласонӣ пешниҳод намуд. Ӯ марҳаме кашф намудааст (ба номи «Марҳами Вишневский» маъруф аст), ки таркиби он аз зифт, ксероформ, равғани беданҷир иборат буда, шифои захмро метезонад, барои табобати ҷароҳат, сӯхтагӣ ва ғ. манфиатбахш аст.

  • Собрание трудов. Т. 1-5. М., 1950—1952.
  1. 1.0 1.1 Вишневский Александр Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 2.2 Чешская национальная авторитетная база данных
  3. Биография Александра Вишневского(рус.), РИА Новости (4 сентябри 2014). Проверено 30 августи 2017.

Сарчашма

вироиш