Виштосп
Виштосп, Гуштосп (порсии бостон: 𐎻𐏁𐎫𐎠𐎿𐎱; 570 то м. — 495 то м.) — давлатмарди Ҳахоманишӣ, сатрапи Бохтар ва Порс, писари Оршом ва падари Дориюши Бузург.
Таваллуд | 570 то м. |
---|---|
Даргузашт | 495 то м. |
Дудмон | Ҳахоманишиён |
Падар | Аршом |
Фарзандон | Дориюши Бузург[1][2], Ортофернаи I ва Ортобонус[d] |
Зиндагинома
вироишДорои I дар Катибаи Бесутун падари худро Виштосп, падари Виштоспро Аршом, падари Аршомро Ариярамна, падари Ариярамнаро Чишпиш ва падари Чишпишро Ҳахоманиш шуморида, 8 тан намояндаи ин сулоларо аз нажоди шоҳон медонад. Воқеан, аз рӯйи маълумоти солномаҳои таърихӣ дар аҳди подшоҳии Чишпиш сарзамини қабилаи Порсҳо ба ду тақсим шуда, Аншонро яке аз писарони ӯ Куруши I ва Посоргодро писари дигараш Ариярамна соҳиб мегарданд, ки онҳо амалан тобеи давлати Мод буданд. Куруши II тақрибан солҳои 559—558 то м. Аншон ва Посоргодро муттаҳид намуда, дертар сарзамини Мод ва подшоҳи он Астиагро мутеи худ мегардонад. Ҳангоми кишваркушоӣ ва бунёди давлати мутамаркази Ҳахоманишиён ва муттаҳидсозии қавмҳои ориёитабор Куруши II Кабирро (559—530 то м.) ҳамроҳӣ карда, солҳои 546—540 то м. дар фатҳи сарзаминҳои Гиркания, Порт ва Бохтар ширкат варзидааст. Виштосп дар аҳди давлатдории Куруши II (540—530 то м.) волии Гиркания ва Порт буд. Мутобиқи маълумоти «Таърих»-и Ҳеродот ҳангоми лашкаркашии Куруши II ба муқобили шоҳбонуи массагетҳо Томирис аз рӯи таъбири хоб ва бадгумонии шоҳаншоҳ барои таҳти назорат гирифтани писараш Дорои I Виштосп ба Экбатан фиристода мешавад. Баъди марги Куруши II (530 то м.) дар аҳди давлатдории Камбуҷияи писари Куруш (530—522 то м.) дар лашкаркашиҳои Миср Виштосп сипаҳсолори яке аз ҷабҳаҳои артиши шоҳаншоҳӣ буд. Пас аз сар задани нооромиҳо дар ҳудудҳои шарқии қаламрави Ҳахоманишиниён аз ҷониби Камбуҷия тақр. соли 523 то м. Виштосп ҳамчун волӣ ба Порт ва Гиркания фиристода мешавад. Ҳангоми ошӯби Гаумата (522 то м.) ва нооромиҳои мамлакат дар поёни ҳукмронии Камбуҷия нуфузи Виштосп коста шуда, баъди ба сари қудрат омадани писараш Дорои I барои саркӯбсозии ошӯбҳои Порт ва Гиркания ба муқобили сарвари ошӯбгарони модӣ-Фравартиш лашкар кашидааст. Виштосп баъди набардҳои шадид (8 марти 521 то м.) ҷонибдорони Фравартишро ба ақибнишинӣ водор намуда, 12 июли 521 то м. кулли ошӯбгаронро саркӯб карда, Фравартишро асир гирифт. Виштосп то интиҳои умраш волии Порт ва Гиркания буда, дар ислоҳоти иқтисодиву низомӣ ва умури давлатдорӣ ба писараш Дорои I ёварӣ кардааст. Баъзе олимону таърихнигорон, аз ҷумла Э. Ҳерсфелд ва Пури Довуд, Виштоспро бо подшоҳи Каёниён Гуштосп як шахс мешуморанд, ки воқеияти таърихӣ надорад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Любкер Ф. Darius (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. Рубинский — СПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 372—373.
- ↑ Любкер Ф. Hystaspes (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. Рубинский — СПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 651.
Адабиёт
вироиш- Виштосп / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Дандамаев М. А. Иран при первых Ахеменидах. М., 1963;
- Фрай Ричард. Наследие Ирана. М., 1972;
- Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. М., 1980;
- Саймиддинов Д. Форсии бостон. Д., 2007.