Владимир Андреевич Храбрий

Владимир Андреевич Храбрий (русӣ: Влади́мир Андре́евич Хра́брый; 15 июли 1353 — 14 майи 1410) — ходими давлатӣ ва лашкаркаши рус, князи Серпухов.

Владимир Андреевич Храбрий
Таваллуд 15 июл 1353
Даргузашт 12 август 1410 (57 сол)
Мадфан
Дудмон Rurik dynasty[d]
Падар Andrei Ivanovich[d][1]
Ҳамсар Helen of Lithuania[d][1]
Фарзандон Ivan Vladimirovich of Serpukhov[d], Simeon Vladimirovich of Serpukhov[d], Andrey Vladimirovich of Serpukhov[d], Yaroslav Vladimirovich of Maloyaroslavets[d][1] ва Vasily Vladimirovich of Uglich[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Писарамак ва ҳамсафи Дмитрий Донской. Соли 1368 дар ҷанг бо Литва ширкат варзида, музофоти Ржевро забт намуд. Соли 1370 ҳангоми ҳуҷуми литвониҳо ба Маскав Владимир Храбрий ҳамроҳи дигар ҳамсафонаш музофоти Перемишлро муҳосира кард, ки ин князи бузурги Литва Олгердро ба гуфтушунид ва муоҳидаи сулҳ водор намуд. Владимир Храбрий соли 1368 ва 1373 ба князии Новгород барои рафъи ҳуҷуми литвониҳо мадад расонд. Ӯ соли 1376 дар ҷанг бо Литва дубора Ржевро муҳосира карда, дертар соли 1379 музофотҳои Трубчевск ва Стародубро ишғол намуд. Владимир Храбрий соли 1380 дар муҳорибаи Куликово ба полки камингоҳӣ сарварӣ намуда, бо ҳамлаи ногаҳонияш лашкари муғулҳоро ба ақибнишинӣ водор кард. Соли 1382 ҳангоми ҳамлаи Тухтамишхон ба Маскав бо лашкараш аз Волокаламск ба урдуи муғулҳо зарба зада, онҳоро ба ақибнишинӣ ва тарки Маскав водор сохт. Владимир Храбрий соли 1385 Дмитрий Донскойро барои муттаҳидсозии қаламрави Рус дар муҳориба бо Олег Рязанский ёрӣ намуда, соли 1399 дар ҷанги Новгород ширкат варзид. Соли 1395 дар мудофиаи Маскав ҳангоми юриши амир Темур набардҳои мудофиавӣ ороста, соли 1408 пойтахти мамлакатро аз юриши хони муғул Едигей ҳимоя кардааст. Владимир Храбрий ҳамчун лашкаркаш барои хидматҳои шоистааш сазовори унвони Храбрий (Ҷасур) гардида, барои пешгирии ҳамлаи сарлашкарони муғул ва ҳимояву муттаҳидсозии қаламрави давлати Рус корнамоиҳои беназир кардааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 Kniaziowie litewsko-ruscy od końca czternastego wieku (лаҳ.) / зери таҳрири J. WolffWarszawa: 1895. — С. 153.

Адабиёт

вироиш
  • Каргалов В. Владимир Храбрий Полководцы X—XVI в. М., 1989.

Сарчашма

вироиш
  • Владимир Андреевич Храбрий / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.