Владимир Бехтерев
Владимир Михайлович Бехтерев (1.2.1857, деҳаи Соралии губ. Вятка — 24.12.1927, Маскав) — невропатолог, равонпизишк, равоншинос, физиолог ва морфологи шӯравӣ.
Владимир Бехтерев | |
Бехтерев, Владимир Михайлович | |
![]() | |
Санаи таваллуд: | |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Санаи марг: | |
Маҳалли марг: | |
Мамлакат: | |
Фазои илмӣ: | |
Ҷойҳои кор: | |
Дараҷаи илмӣ: | |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | |
Шогирдони маъруф: | |
Ҷоизаҳо: | |
![]() | |
![]() | |
![]() |
Академияи тиббии ҷарроҳиро хатм кардааст (1878). Аз с. 1885 мудири кафедраи равонпизишкии Ун-ти Қазон буд. Б. бори аввал дар ҳамин ун-т лабораторияи психофизиологӣ ташкил кард, маҷ."Неврологический вестник" ва Ҷамъияти қазонии асабшинос ва равонпизишконро таъсис намуд. Аз с. 1893 проф. Академияи ҳарбӣ- тиббии Петербург, проф. Ин-ти тиббии занона (1897), директори Инти психоневрология (1908) буд. Аз с. 1918 ба Ин-ти омӯзиши мағзи сар (ҳоло Ин-ти давлатии рефлексологии ба номи В. М. Бехтерев оид ба омӯзиши мағзи сар) роҳбарӣ кардааст. Асарҳои Б. ба асосҳои тарбия ва рафъи инҳироф дар рафтори одам бахшида шудаанд. Б. бемориҳои шахшавии сутунмуҳра (бемории Бехтерев), атаксия (ҳаракати берабт)- и шадиди майначавии майзадагон ва ғ-ро муайян кардааст. Барои муолиҷаи бемориҳои асаб ва рӯҳӣ "микстураи Бехтерев "-ро ҳосил карда, бо меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ табобат кардани ин касалиҳоро низ таъкид намудааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ Бехтерев, Владимир Михайлович // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. IIIа. — С. 647.
- ↑ Encyclopædia Britannica
- ↑ Энциклопедия Брокгауз
ОсорВироиш
- Основы учения о функциях мозга. СПб., 1903-07;
- Психика и жизнь. СПб., 1904.
СарчашмаВироиш
- Бехтерев Владимир Михайлович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.