Владимир Голубев
Влади́мир Васи́лйевич Го́лубев (21 ноябр [3 декабр] 1884, Сергиев Посад[d], Губернияи Маскав — 4 декабр 1954[1], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[1]) — риёзидон ва механики рус. Узви вобастаи АИ ИҶШС (1934), генерал-майори хадамоти муҳандисию техникӣ (1951). Корманди хидматнишондодаи илм ва техникаи Федератсияи Русия (1943).
Владимир Голубев | |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 21 ноябр (3 декабр) 1884 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 4 декабр 1954[1] (70 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | theory of differential equations[d] |
Ҷойҳои кор: | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | Dmitri Egorov[d] |
Ҷоизаҳо: |
ЗиндагиномаВироиш
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Маскав (1908). Солҳои 1917-30 дар Донишгоҳи Саратов кор кардааст (аз 1917 проф.), аз соли 1930 проф. Донишгоҳи давлатии Маскав ва муҳандиси калони Институти марказии аэроҳидродинамикӣ. Аз соли 1932 мудири кафедраи математикаи олӣ дар Академияи ҳарбию ҳавоии ба номи Н. Е. Жуковский. Аввалин декани факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1933-34). Г., асосан, оид ба назарияи функсияҳои таҳлилӣ ва назарияи таҳлилии муодилаҳои дифференсиалӣ таҳқиқот гузаронида, корҳои С. А. Чаплигинро оид ба татбиқи ифодаҳои математикӣ дар аэромеханика ҷорӣ намудааст. Дар назарияи қабати сарҳаддӣ таносубҳои интеграли (таносубҳои Голубев)-ро таҳия намуда, усули интегралгирии муодилаи ғайрихаттии Полгаузенро кашф карда, таҳқиқоти муодилаи дифференсиалии қабати сарҳаддии муодиларо бомуваффақият анҷом дод. Владимир Голубевмеханизми сохтани қанот ва назарияи қанотсозиро такмил дода буд. Дар соҳаи таърихи математика низ таҳқиқот анҷом додааст.
ҶоизаҳоВироиш
Владимир Голубевбо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, 4 ордени «Ситораи Сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Голубев Владимир Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
СарчашмаВироиш
- Голубев Владимир Василйевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.