Владимир Егоров
Владимир Константинович Егоров (таваллуд 30 октябр 1947, Канаш, РСС Чувашистон, СССР), — ходими давлатии советй ва рус, коркуни системаи маориф. Номзади илмҳои таърих, доктори илмҳои фалсафа, профессор. Доктори фахрии Институти ҷомеашиносии Академияи илмҳои Русия. Аз моҳи марти соли 2008 узви Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маорифи Русия .
Таърихи таваллуд | 30 октябр 1947[1] (77 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишСоли 1971 факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Қазон ба номи В.И. Улянов-Ленинро бо ихтисоси таърих хатм намуда, солҳои 1971-1974 дар он ҷо омӯзгорӣ кардааст.
Солҳои 1974—1985 дар кори роҳбарӣ дар КМ ВЛКСМ. Солҳои 1979-1980 муовини сармуҳаррири органи матбуоти Кумитаи Марказии ВЛКСМ – маҷаллаи «Коммунисти ҷавон» буд.
Солҳои 1985-1987 ректори Донишкадаи адабиёт ба номи Горкий.
Соли 1988 дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС дар мавзӯи «Идомаи наслҳо дар замони социализм: проблемаҳои назария ва амалия» (ихтисос коммунизми илмӣ 09.00.02 -) рисолаи номзадиро барои гирифтани унвони доктори илми фалсафа дифоъ кард.
Солҳои 1987—1990 ҷонишини мудири шӯъбаи маданияти КМ КПСС, солҳои 1990—1991 ёрдамчии Котиби Генералии КМ КПСС, ёрдамчии Президенти ИҶШС буд.
Солҳои 1992-1996 - сармутахассиси Маркази таҳлилии сиёсати илмию саноатии Кумитаи давлатии илм ва технологияи Вазорати саноати Федератсияи Русия, инчунин ба ҳайси профессори Академияи идоракунии давлатии Русия дар назди Президенти ФР дарс додааст.
Солҳои 1996-1998 директори Китобхонаи давлатии Русия буд.
Дар моҳи сентябри соли 1998 - феврали 2000 - Вазири фарҳанги Федератсияи Русия. Аз соли 2000 то 2010 Президент-ректори РАГС.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Исаев Ю. Н. Чувашская энциклопедия (рус.) — Чувашское книжное издательство, 2006. — 2567 с. — ISBN 978-5-7670-1471-2