Владимир Маяковский
Владимир Владимир Маяковский (7 (19) июл 1893, вилояти Багдат, вилояти Кутаиси — 14 апрели 1930, Маскав) — шоири шӯравии рус. Ояндагаро. Яке аз бузургтарин шоирони асри ХХ[8][9].
русӣ: Владимир Маяковский | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | русӣ: Влади́мир Влади́мирович Маяко́вский |
Таърихи таваллуд: | 19 июл 1893[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 14 апрел 1930[4][5][6][…] (36 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1912 — 1930 |
Жанр: | байт, шеър[d], agitprop[d] ва намоишнома[d] |
Забони осор: | русӣ[7] ва гурҷӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
v-v-mayakovsky.ru(рус.) | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Ғайр аз шеър, ӯ худро ҳамчун драматург, намоишноманавис, коргардон, коргардони филм, рассом, муҳаррири маҷаллаҳои «ЛЕФ» («Левый фронт»), «Новый ЛЕФ». нишон дод.
Зиндагинома
вироишВладимир Маяковский дар таърихи 19 июли соли 1893 дар Гурҷистон ба дунё омад. Дар Русияи сезарӣ бар зидди сезар мубориза мекард ва ба зиндон афтод. Маяковский қабл аз инқилоби соли 1917 ба шуҳрат расид. Тарафдори инқилоби коммунистӣ буд ва ба болшевикҳо меҳр ва дӯстӣ меварзид.
Ӯ шоире ояндагаро буд. Ояндагаро ба ин маъно ки гузаштаро инкор мекард ва ба оянда боварӣ дошт. Дар ҳоле, ки Ленин, раҳбари инқилоб ба ашъори суннатитар ва анъанавӣ тамоил дошт. Ленин, ки аз шеър ва адабиёти модерн сар дар намеовард (намефаҳмид) бо ӯ чандон ба меҳр набуд.
Владимир Маяковский шеърҳояшро дар кӯчаву бозор ва барои мардум бо садои баланд мехонд. Ҳатто ба майдони ҷанг мерафт ва барои ба шур ва илҳом овардани сарбозон шеър мехонд. Ӯ дар аввалҳо бисёр маҳбуб ва мавриди таваҷҷуҳ буд. Сталин ин муҳимтарин шоири инқилобии шуравиро ситоиш мекард[10].
Фаъолияти сиёсӣ
вироишВладимир Маяковский аз 14 солагӣ ба узвияти ҳизби болшевик даромад. Ва солҳои қабл аз инқилоб, фаъолиятҳои ҳунарӣ ва сиёсии худро оғоз кард. Владимир андаке баъд барои нахустин бор дастгир шуд. Пас аз се соли боздошт ва табъид (бадарға) дар соли 1911 таҳсил дар мадрасаи ҳунарҳои зебои Московро оғоз кард. Ва дар ҳамин даврон бо Давид Бурлюк, Владимир Хлебников, Василий Каменский, шоир ва ҳунармандони ҳамасраш, ошно мешавад. Вай дар навиштани ду баёнияи футуристҳо ҳамкорӣ мекунад. Ва барои муаррифии ҷунбиши адабии ҷадид ва шеърхонӣ ба шаҳрҳои мухталифи Русия меравад. Вай дар шеъри русӣ вазн, алфоз, иборот, тамсилҳо ва истиороти тоза ва бадеъ падид овард. Бо дунбол кардани сабки (стил)-и ояндагароёна осори худро халқ мекард, вале ба ҳама усули ин сабк пойбанд набуд ва равиши хоси худашро дошт[10].
Владимир Маяковский дар 20 солагӣ ба унвони яке аз маъруфтарин намояндагони футуристҳои русӣ ба шуҳрат ва маъруфият расид. Вай аз ҳеч василае барои интишори афкор ва осори худ бок надошт ва ҳатто дар кӯчаҳо қадам мезад, ва барои мардум шеър мехонд. Ҳикоят мекунанд: «Дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Русия ӯ ба ҷабҳаҳои (фронт) мерафт ва дар сангарҳо ашъори худро барои сарбозон мехонд. Мардум аз ашъори ӯ илҳом гирифта, нотарсона ба ҷанг мешитофтанд. Ӯ бо садое расо ва пурҷушу хуруш дар радио осори худро мехонд ва мардум он ашъорро фавран ҳифз мекарданд…». Аз 13 ҷилд мероси адабии Маяковский 12 ҷилди он баъд аз инқилоби Русия (1917) ба вуҷуд омадааст. Ӯ адабиёти манзум ва шеърро бо воқеият наздик карда, онро дар хидмати ниёзмандиҳои муосир гузошт. Ва табдил ба силоҳе барои мубориза дар ростои ҳадафҳои худ намуд.
Владимир Маяковский аз ашъори классикӣ лаззат мебурд, аммо бандаи онҳо намешуд. Ӯ мегуфт: «Ҳунар бояд бо зиндагӣ даромехта шавад. Ё бояд дар ҳам омехта шавад ё бояд нобуд шавад.»
Владимир Маяковский дар 14 апрели соли 1930 дар пайи бунбасти отифӣ (эҳсосӣ) ва ҳамчунин иҷозат надоштанаш барои берун рафтан аз хоки Шӯравӣ, ба зарби гулула (тир) худкушӣ кард. Вай пеш аз марг дар варақе навишт: «БАРОИ ҲАМА…МЕМИРАМ…»
Эзоҳ
вироиш- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ RKDartists (нидерл.)
- ↑ https://www.kulturarv.dk/kid/VisKunstner.do?kunstnerId=22574 (дат.)
- ↑ 4.0 4.1 Гончаров Б. П. Маяковский Владимир Владимирович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1974. — Т. 15 : Ломбард — Мезитол. — С. 542—543.
- ↑ Vladimir Vladimirovich Majakovski (нидерл.)
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ [История русской литературы XX века (20-90-е годы). Основные имена]
- ↑ 19 июля 120 лет со дня рождения Владимира Маяковского. Новости. Первый канал(рус.). 28 ноябри 2019 санҷида шуд.
- ↑ 10.0 10.1 Дидавар Бекзода. Худкушии Владимир Маяковский (1893-1930)(тоҷ.). ravshanfikr.tj. 20 феврали 2020 санҷида шуд.