Владимир (рус.-қад. Володимѣрь) — шаҳр дар Русия, маркази вилояти Владимир.

Шаҳр
Владимир
русӣ: Владимир
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  Русия
Роҳбар Olga Deeva[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 990
Масоҳат
  • 124,59 км²
Баландии марказ 150 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 4922
Нишонаи почта 600000
vladimir-city.ru(рус.)(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё

вироиш

Дар соҳили чапи дарёи Клязма воқеъ аст. Аҳолиаш 350 ҳазор нафар (2014). Аз В. р. о. ба Маскав, Нижний Новгород, Гус-Хрусталний, роҳҳои автомобилгард ба Маскав, Нижний Новгород – Қазон, Суздал – Иваново, Муром, Рязан, Юрев-Полский мегузаранд. Фурудгоҳ дорад.

Таърих

вироиш

В. яке аз қадимтарин шаҳрҳои Рус буда, онро мувофиқи ривояте соли 980 князи киевӣ Владимири I Святославич, мувофиқи ривояти дигар соли 1108 княз Владимир Мономах барои муҳофизати заминҳои сарҳаддии Ростову Суздал бунёд кардааст. Дар миёнаҳои садаи XII мулки вотчинагии княз Андрей Боголюбов буд, ки ӯ В.-ро пойтахти князии Владимир-Суздал кард ва барои ба маркази сиёсии умумирусӣ табдил додани он кӯшиш намуд. Соли 1238 В.-ро муғулу тоторҳо хароб карданд, вале ба зудӣ эҳё гардид. Соли 1299 қароргоҳи митронҳо (рӯҳониёни православӣ ва католикӣ)-и рус, дар миёнаҳои садаи XIV маркази асосии маъмурии фарҳангӣ ва динии Руси Шимолу Шарқӣ буд. Дар садаи XIV таҳти итоати князии бузурги Маскав қарор дошт. Аз соли 1719 маркази музофот, аз соли 1778 маркази вилоят, аз соли 1786 маркази губерния. Солҳои 1858–62 аз шаҳр роҳи оҳани Маскав – Нижний Новгород мегузашт. Соли 1929 ба сабаби барҳам додани губерния ба ҳайати вилояти Иваново гузашт. Аз соли 1944 маркази вилояти Владимир. Соҳаҳои асосии саноат: мошинасозӣ (асбобсозӣ), кимиё ва сабук. Корхонаҳои калони саноатӣ: заводҳои тракторсозӣ, «Автоприбор», «Точмаш», «Электроприбор», «Полимерсинтез», кимиё; фабрикаҳои кешбофӣ, пойафзор ва дӯзандагӣ; комбинатҳои мебелсозӣ. Ҳунарҳои бадеии мардумӣ дар корхонаи «Владимирские узори» рушд намудаанд. Дар В. донишгоҳҳои давлатӣ ва педагогӣ, Театри академии драмаи ба номи А. В. Луначарский, театри лухтак, толори консертӣ фаъолият доранд.

Шаҳри куҳна дар соҳили баланди чапи дарёи Клязма воқеъ аст. Аз қалъаҳои қадимӣ хоктеппаҳо ва Дарвозаи Тилоӣ (1158–64) боқӣ мондаанд. Ёдгориҳои сершумори меъморӣ, ки дар услуби меъмории владимирӣ-суздалӣ бино ёфтаанд, дар маркази В. ҷойгиранд: Калисои ҷомеи Успенский (1158–60, бо нақшунигори Андрей Рублёв), калисои ҷомеи Дмитриев (1194–97), калисоҳои Успения Богородитса (1644–49), Никола Мокро (1732–35), Спас (асри 18), Никола (асри 17), Георгиевский (1783–84), Вознесенский (1724), Рождественский (1862–64), гимназияи мардона (1840), Думаи шаҳрӣ (1906–07) ва ғ. Ёдгориҳои меъмории В. ва атрофи он ба ҳайати осорхона – мамнуъгоҳи таърихию меъморӣ ва бадеии Владимир-Суздал дохиланд. Дарвозаи Тилоӣ, калисоҳои ҷомеи Успенский ва Дмитриев (дар В.), қалъаи Андрей Боголюбов (дар Боголюбов), калисои Покров (дар Нерли) ба рӯйхати биноҳои Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд. В. ва атрофи он маркази бузурги сайёҳии Русия ва байналмилалӣ мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Дмитриев Ю., Зенкович А., Савинова Р. Владимир вчера, сегодня и завтра. Ярославль, 1983; Скворцов А., Строгова Л., Шагова О. Владимир: Путеводитель-справочник. Ярославль, 1984; Дмитриев Ю., Дятлова Н. Савинова Р. Улицы Владимира. Ярославль, 1989; Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма

вироиш