Влади́мир Все́володович Монома́х (1053[1][2], Pereiaslav[d], Руси Киев[d]19 май 1125[1][2], Киив) — ходими давлатӣ ва сарлашкар, писари княз Всеволод Ярославич. Князи бузурги Киев аз соли 1113.

Владимир II Мономах
Таваллуд 1053[1][2]
Даргузашт 19 май 1125[1][2]
Мадфан
Дудмон Rurik dynasty[d]
Падар Vsevolod I of Kiev[d][1][3][4]
Модар Anastasia Monomakh[d][4]
Ҳамсар Eufimia[d][5]
Фарзандон Mstislav I of Kiev[d][6][4], Yaropolk II of Kiev[d][7][8], Viacheslav I of Kiev[d], Euphemia of Kyiv[d], Yuri Dolgorukiy[d], Agafia of Kyiv[d], Andrzej Włodzimierzowic[d][9], Iziaslav[d][10], Sviatoslav[d][11], Roman Włodzimierzowic[d], Maritsa Vladimirovna[d] ва Sofya Monomakh[d]
Эътиқод масеҳияти православӣ ва Калисои ортодоксии шарқӣ
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар ҷавонӣ падараш ӯро муддате князи кишвари Ростово-Суздал таъйин карда буд. Соли 1076 дар ҷанги Чехия ширкат варзида, таҷрибаи лашкаркашӣ андӯхт. Соли 1078 князи Чернигов буд, 1093-94 князи Чернигов ва Переяслав буда, дертар Муром, Ростов ва Суздалро ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Баҳори соли 1095 Владимир Мономах аксари князҳоро барои зарбаи қатъӣ задан ба половесҳои кӯчманчӣ даъват намуд, вале писарамакаш Олег Святославич ӯро дастгирӣ накард. Соли 1103 бо ташаббуси Владимир Мономах дар анҷумани Долобск қарор қабул шуд, ки ба муқобили половесҳо лашкари муттаҳида ороста, онҳоро саркӯб намоянд. Моҳи апрели соли 1103 дар муҳорибаи музофоти Сутен половесҳо шикасти сахт хӯрда, 20 хони онҳо кушта шуд ва қаламравашон зеру забар гардид. Тайи солҳои 1105, 1106 ва 1107 половесҳо бо сарварии хонҳояшон Шарукан ва Боянка борҳо ба қаламрави Владимир Мономах ҳамла оварданд. Владимир Мономах бори дигар соли 1107 бо лашкари муттаҳида дар назди дарёи Сула половесҳоро шикаст дод. 27 марти соли 1111 шаҳри Шарукани половесҳоро забт кард ва лашкари афзуни хони онҳоро дар наздикии дарёи Дон торумор намуда, ба фирор кардан сӯйи Венгрия ва Гурҷистон водор сохт.

Владимир Мономах соли 1113 баъди марги княз Святополк князи бузурги Киев шуда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми рус ислоҳот гузаронд ва маҷмӯаи қонунҳоро бо номи «Ҳақиқати Рус» қабул кард. Владимир Мономах сиёсати мусолеҳатомезро бо князҳо ва кишварҳои ҳамсоя идома дода, мутобиқи ривоятҳо аз ҷониби рӯҳониёни олирутба ва сафирони Рум ба гирифтани тоҷи подшоҳии бобокалонаш Константин Мономах, асои давлат, миёнбанди шоҳӣ ва либосҳои гаронбаҳо мушарраф гардид ва ба ному насабаш Мономахро афзуд. Дар аҳди Владимир Мономах давлати Руси Киев пурқувват шуда, аз чор се ҳиссаи ҳудуди давлати Руси Қадимро муттаҳид намуд. Владимир Мономах дар поёни умраш чандин калисои муҳташам, аз ҷумла калисои Успенский (дертар Рождественский) дар Суздал, калисои ҷомеи Успенский дар Смоленск, ибодатхонаи Спасский дар Клязмаро сохта, инчунин дар бунёди шаҳраки Бориспол ва ободонии Суздал, Переяславл ва Киев саҳми муносиб гузоштааст.

Владимир Мономах ҳамчун адиб «Панднома» ном асаре навиштааст, ки ҳадафаш ваҳдату муттаҳидсозии табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла деҳқонону заминдорон буда, бештар ғояҳои ахлоқӣ ва тарбиявиро фаро мегирифт. Баъди марги Владимир Мономах ихтилофоти дохилӣ ва парокандагии давлати Рус аз нав авҷ гирифт.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Владимир-Василий Всеволодович (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1892. — Т. VIа. — С. 647—650.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 Владимир Всеволодович Мономах // Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
  3. Владимир Мономах (рус.) // Военная энциклопедияСПб.: Иван Дмитриевич Сытин, 1912. — Т. 6. — С. 432—433.
  4. 4.0 4.1 4.2 Kindred Britain
  5. Лаврентьевская летопись (слав.-куҳн.) — 1377.
  6. В. Р—в Мстислав Владимирович Великий (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1897. — Т. XX. — С. 104—105.
  7. Ярополк II Владимирович (рус.) // Энциклопедический словарьСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1904. — Т. XLIа. — С. 816—817.
  8. Ярополк II-й Владимирович (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1913. — Т. 25. — С. 161—162.
  9. А. А. Кр. Андрей Владиміровичъ (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 2. — С. 277.
  10. Изяслав Владимирович (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1897. — Т. 8. — С. 72.
  11. Куманин Л. Святослав Владимирович (рус.) // Русский биографический словарь / под ред. А. А. ПоловцовСПб.: 1904. — Т. 18. — С. 245—246.

Адабиёт

вироиш
  • Рыбаков В. А. Киевский Русь и русские княжества XII—XVIII вВладимир Мономах М., 1982;
  • Каргалов В. В., Сахаров А. Н. Полководцы Древней Руси. М., 1999.

Сарчашма

вироиш