Вовси, Белла Марковна

Вовси Белла Марковна (тав. 4 октябри 1923, Рига) — офталмолог, доктори илмҳои тиб (1972), профессор (1974).

Вовси, Белла Марковна

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Институти 1-уми тиббии Маскав ба номи И. М. Сеченов (1947). Соли 1952 ба Тоҷикистон омад. Духтури чашм ва мудири шуъбаи Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1 (1952–57), ассистент ва дотсент (1957–73), мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1973–91). Дар робита ба масоили глаукома, садамаи чашм ва касалиҳои модарзодии чашми кӯдакон зиёда аз 100 таълиф дорад. Хусусиятҳои ҳемо ва ҳидродинамикии чашмро дар шароити гуногуни иқлимию ҷуғрофии ҷумҳурӣ омӯхтааст. Раиси Ҷамъияти илмии офталмологҳои Тоҷикистон, узви Ҷамъияти илмии умумииттифоқии офталмологҳо буд. Аз соли 1991 дар ИМА зиндагӣ мекунад.

  • О лечении ран роговой оболочки в условиях высокогорья // Вестник офтальмологии, 1972, № 1;
  • Метаболизм переднего отдела глаза в условиях высокогорья // Материалы 1-ой республиканской научной конференции по проблемам высокогорья. Д., 1974;
  • Патогенетические принципы лечения травм глаза в условиях высокогорья (ҳамон ҷо). Д., 1974;
  • Криоэкстракция катаракты у больных гипертонической болезнью // Материалы научной конференции ТГМИ. Д., 1974.

Сарчашма

вироиш