Водӣ — дар тасаввуф марҳалае, ки солик бояд дар тариқат тай кунад, то ба сарманзили мақсуд бирасад.

Аз нигоҳи суфиён водӣ роҳи душвор ва манзили хатарнок буда, шумораи водиҳо муносиби аҳволи ҳар кас мухталиф аст. Абдуллоҳи Ансорӣ дар «Манозилу-с-соирин» водиҳоро даҳ ва дар «Сад майдон» маҷмӯи манзилҳоро даҳ мақом донистааст. Аттор дар «Мусибатнома» аз 5 водӣ (ҳис, хаёл, ақл, дил ва ҷон), аммо дар «Мантиқу-т-тайр» аз ҳафт водӣ (талаб, ишқ, маърифат, истиғно, тавҳид, ҳайрат ва фақру фано) сухан гуфтааст:

Гуфт моро ҳафт водӣ дар раҳ аст,
Чу гузаштӣ ҳафт водӣ, даргаҳ аст.
Во наёмад дар ҷаҳон з-ин роҳ кас,
Нест аз фарсанги он огоҳ кас.
Ҳаст водии талаб оғози кор,
Водии ишқ аст аз он пас, беканор.
Пас сеюм водист они маърифат,
Ҳаст чорум водӣ истиғносифат.
Ҳаст панҷум водии тавҳиди пок,
Пас шашум водии ҳайрат, саъбнок.
Ҳафтумин водии фақр асту фано,
Баъд аз ин рӯю равиш набвад туро.

Аттор парандагонро аз 7 водӣ мегузаронад. Ба андешаи ӯ, дар водии талаб солик бояд аз баҳри ҳама чизи худ бигзарад, ҳар ду оламро фаромӯш кунад, куфру дин ва лаънату раҳмат дар назари ӯ яксон намояд; дилро аз ҳар чӣ ҳаст, пок намояд, он гоҳ нури зот тофтан гирад ва дар дил ошкор шавад. Вақте роҳрав ба водии ишқ мерасад, оқибатандеширо фаромӯш мекунад ва монанди касест, ки дар даруни оташ буда, сар аз по намешиносад ва ё мисли моҳиест, ки аз дарё берун афтода ва ба ҳар сӯ метапад, то дар дарё бияфтад. Дар водии маърифат равишҳо гуногун ва ба ҳоли ҳар роҳрав вобаста мебошанд; сайри ҳар кас ба андозаи зарфияти ӯст: пашша чандон ки талош кунад, ба андозаи сарсар (боди сахт) парида наметавонад. Касе, ки ба водии истиғно мерасад, аз ҳама чиз эҳсоси бениёзӣ карда, ҳеч чиз ғайр аз Худо барояш аҳаммият надорад: агар сахтиву ранҷи бисёре кашида бошад ҳам, гӯё хобе дидааст; агар афлоку ситорагон фурӯ рехтанд, гӯё барге аз дарахт рехтааст; агар ду ҷаҳон несту нобуд шуд, гӯё аз замин реге кам шудааст. водии тавҳид манзили таҷриду тафрид аст; тавҳид адади як нест, балки манзур аз он ин аст, ки дуӣ қобили тасаввур нест. Солик дар водии ҳайрат дар таҳайюр монда, дар роҳ гум ва маҳву мот мешавад. Дар водии фақру фано сад ҳазорон соя аз як хуршед гуму нопайдо мешавад; инсон ҳамчун сояест, ки дар анвори худовандӣ гум мегардад.

Аз нигоҳи баъзе орифон авдия (ҷамъи водӣ) мартабаи таваҷҷуҳи қалб ба сир ва ҳузураш бо Ҳақ барои касби файз аз асмои Ҳақ ва иттисоф ба сифоташ аст. Мақомоти он иборатанд аз эҳсон, илм, ҳикмат, басират, фиросат, таъзим, илҳом, сакина, тумаънина, ҳиммат.

Адабиёт

вироиш
  • فريدالدين محمد عطار نيشابوری. منطق الطير. تهران، ۱۳۸۴ ش.؛
  • سيد يحيى يثربى. عرفان نظرى. قم، ۱۳۸۰ ش.؛
  • گل بابا سعيدي. فرهنگ جامع اصطلاحات عرفاني ابن عربي. تهران، ۱۳۸۷ ش.ر

Сарчашма

вироиш