Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ

(Тағйири масир аз Возеҳ)

Возеҳ (форсӣ: واضح‎), Қорӣ Раҳматуллоҳ ибни Муҳаммадошури Бухороӣ (1817, Бухоро — 1894, ҳамон ҷо) — шоир, олим ва маорифпарвари тоҷик.

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Соли 1844 мадрасаро хатм карда, бо саъю кӯшиши худ илмҳои дунявӣ-таърих, тиб, ҳисоб, нуҷум, мантиқ ва арӯзро омӯхт. Дар бораи Возеҳ Афзал Махдуми Пирмастӣ гуфтааст: «… то кораш бад-он дараҷа расида, ки аксари таълифот аз назари ӯ дур ва маҳҷур намонда, балки кутуби ҳар илм ва расоили ҳар фанро дидаву хонда». Возеҳ қории Қуръон буд, овози нафису гӯшнавоз дошт. Ӯ эҷодкор ва хаттоти хуб буд. Беш аз 50 китоби китобаткардааш то рӯзгори мо расидааст. Ба се забон — тоҷикӣ, туркӣ ва арабӣ шеър мегуфтааст. Ба қавли Хоҷа Азими Шаръӣ, Возеҳ «дар шеъри форсӣ аз мумтозони табақаи авло ва дар шеъри арабӣ дар ин диёр ва дар ин айём адимунназиру якто ба шумор мерафт». Ба қавли Ҳашмат, ашъори туркии ӯ низ лутфи тамом дошт:

Дар луғоти форсӣ, туркию ҳам лафзи араб
Бурдам аз майдони даъвӣ гӯйи сабқу бартарӣ,
Ҳар қадар шеъре, ки бошад хуб дар ин се забон,
Андар ин даврон накарда кас чу ман гирдоварӣ.
Шеър гуфтан низ дар ин се забон дар ин замон
Шоиреро нест ҷуз ман ҷуръати нутқоварӣ.

Эҷодиёт

вироиш

Возеҳ баёзи шеърҳои форсии тоҷикӣ, арабӣ ва туркиро мураттаб кардааст. Баъди он ки Возеҳ дар суханварию донишмандӣ шуҳрат ёфт, соли 1853 ба дарбор даъват шуд, вале баъди ба тахт нишастани амир Музаффар (ҳукмронии 1860-85) тарки дарбор кард. Солҳои ҳукмронии амир Абдулаҳад (1885—1910) Возеҳ ба сафари Ҳиҷоз баромада, солҳои 1886—1887 Туркманистон, шимоли Эрон, Қафқоз, баҳри Сиёҳ, баҳри Миёназамин ва баҳри Сурхро саёҳат карда, ба Бухоро баргашт. Возеҳ дар китоби «Савонеҳу-л-масолик ва фаросиху-л-мамолик» (1887) таассуроташро аз шаҳрҳои Қароқӯл, Чорҷӯй, Марв, Ашқобод, Боку, Тифлис, Батуми, Бағдод, Кирмоншоҳ, Теҳрон, Машҳад ва ғ. баён карда, аз мулоқоташ бо намояндагони илму адаби он манотиқ ёдовар шудааст. Асари мазкур аҳаммияти бузурги ҷуғрофиёӣ, таърихию адабӣ дошта, бо забони содаву равон таълиф гардидааст ва беҳтарин намунаи насри бадеии он давр ҳисоб меёбад. Возеҳ инчунин муаллифи тазкираи «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб» (1864-71), рисолаҳои «Кони лаззат ва хони неъмат» (1881), «Шақоиқу-д-дақоиқ», «Девони форсӣ, арабӣ ва туркӣ», маснавии «Барфу ях», маҷмӯаи «Қасоиди форсӣ ва арабӣ», «Маҷмӯа дар фанни фиқҳ ва ҳарф», «Ароису-л-абкор ва наводиру-л-афкор дар назму насри форсӣ ва арабӣ», «Туҳфаи амония» (дар бораи илми тиб), «Ҳаёту-л-ҳайвонот», «Ақоиду-н-нисо», «Анвору-р-рабеъ фӣ анвоъи-л-бадеъ», «Номаи донишварон», «Қасидаи Тоия» ва ғ. мебошад. Ӯ рисолаи «Дар аҳволи устурлоб»-и Ҳотамӣ Шайх Баҳоиро аз туркӣ ба форсӣ ва рисолаи «Баръу-с-соъа»-и Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (доир ба тиб)-ро аз арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст.

Асари «Кони лаззат ва хони неъмат»-и Возеҳ аз ду ҷилд иборат буда, дар бораи нону таом ва хӯришҳои тоҷикии даврони муаллиф маълумот медиҳад. Возеҳ дар «Ақоиду-н-нисо» ба урфу одатҳои хурофотии занон таваҷҷуҳ намуда, онҳоро мавриди ҳаҷву тамасхур қарор додааст. «Девон»-и шоир то замони мо нарасидааст. Дар баёзу тазкира ва радоифулашъорҳо беш аз 2400 байти ӯ гирд оварда шудаанд. Аксари ин шеърҳо ба забони форсӣ мебошанд ва аз қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, мухаммас, тарҷеъбанд, фард ва дигар анвои адабӣ иборатанд. Шикоят аз рӯзгори сангин, танқиди золимону рӯҳониёни риёкор, тарғиби сифатҳои неки инсонӣ, тараннуми ишқ, манзараҳои зебои табиат ва ғ. аз мавзӯъҳои асосии ашъори ӯст. Возеҳ ғазалҳояшро дар пайравии ашъори Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Толиби Омулӣ, Зарир ва дигарон гуфтааст. Возеҳ дар адабиёти нимаи дуюми садаи XIX-и тоҷик мавқеи босазо дорад. Ӯ бо тазкираи «Туҳфату-л-аҳбоб» анъанаи тазкиранависиро аз нав зинда карда, дар «Савонеҳу-л-масолик» суннати сафарноманависии Носири Хусравро идома дод. Возеҳ доир ба касбу ҳунари халқи тоҷик асари мукаммали мансур навишт. Ӯ тақр. ҳамаи навъҳои назмро ба равиши худ ва бо маҳорати баланди шоирӣ истифода кард ва такмил дод. Дар онҳо ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ дахл намуда, барои пешрафти афкори ҷамъиятӣ дар замони худ мубориза бурд. Бар хилофи мушкилбаёниҳои шоирони дарбор соданависиро пеш гирифт.

Намунаи ашъор

вироиш

Намунае аз ашъори Возеҳ:

Чунон шикаставу ошуфтаву парешонам,
Ки ҳамчу мавҷ набошад қабули таъмирам.
***
Ин нокасон, ки даъвии роҳи Худо кунанд,
Андар либоси зуҳд басе ҳилаҳо кунанд.
***
Ин абр, ки бар сари чаман мегиряд,
Бар хандаи насрину суман мегиряд.
Не-не, ки ба ғурбат аз ситамҳои фалак
Бар ҳоли ғариби зори ман мегиряд.
***
Не меҳру вафои дӯстдорон монад,
Не душмании кинагузорон монад.
Не маҳвашии лолаъизорон монад,
Не ғамкашии синафигорон монад.

Адабиёт

вироиш
  • Неъматзода Т. Возеҳ, Д., 1967;
  • Ҳодизода Р. Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XIX, Д., 1968;
  • Шоирони Мовароуннаҳр. Д., 2006.

Сарчашма

вироиш