Возеҳии Даргузинӣ
Возеҳии Даргузинӣ (форсӣ: واضحئ درگزنی) — шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишМуаллифи «Арафоту-л-ошиқин» — Тақиуддини Авҳадӣ бо ӯ соли 1612 дар Аҷмири Ҳиндустон ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ чун шоири баркамол ва дорои табъи латиф ёд мекунад. Дар маъхазҳои адабӣ Возеҳии Даргузинӣ аз ҷумлаи дарвешон ва шоирони суфимашраб ёд шудааст. Бо тахаллусҳои «Ситонӣ» ва «Возеҳӣ» шеър эҷод намудааст. Аз осораш абёти пароканда дар тазкираҳо боқӣ мондааст. Ин порча намунае аз ашъори Возеҳии Даргузинӣ аст:
Ғунчаи сарбастаам, боди саҳар гум кардаам,
Булбули саргаштаам, роҳи гузар гум кардаам.
Чокҳо дорам ба дил аз меҳри маҳрӯён басе,
Сӯзани алмоси Исо дар ҷигар гум кардаам.
Возеҳӣ, ҳаргиз надидам меҳрубонӣ дар ҷаҳон,
Нотавон мӯрам, ки роҳи додгар гум кардаам.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- احمد گل چین معانی. کاروان هند. جلد دوم. مشهد. 1369هـ. ش؛
- تقی الد ین محمداوحدی. عرفات لعا شقین. جلد هفتم. تهران 1378هـ. ش.ر
Сарчашма
вироиш- Возеҳии Даргузинӣ / С. Ализода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.