Возеҳ, Мирзо Мубораккулоҳи Соваҷӣ

Возеҳ (форсӣ: واضح‎), Мирзо Мубораккулоҳи Соваҷӣ (16491716, Деҳлӣ) — адиб, муфассир ва давлатмарди форсизабони Ҳиндустон.

Возеҳ, Мирзо Мубораккулоҳи Соваҷӣ

Зиндагинома

вироиш

Гузаштагони Возеҳ аз шаҳри Соваи Эрон ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори шоҳони ин кишвар хидмат мекарданд ва ба унвону мансабҳои давлатӣ соҳиб гашта буданд. Возеҳ ҳам дар ибтидо кори аҷдодашро идома бахшид, вале дар охири умр аз хидмат истеъфо дода, ба равияи тасаввуфии нақшбандия гаравид.

Эҷодиёт

вироиш

Чун шоиру адиб пуркору сермаҳсул буда, дар аксари анвои шеъри форсии тоҷикӣ — ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғ. асарҳо офаридааст, ки дар девоне фароҳам омадаанд. Бо номи «Кашфи тариқ» маҷмӯаи рубоиёташро (762 рубоӣ) тартиб дода буд. Мавзӯи рубоиёти Возеҳ ишқу муҳаббат, ишқу вафо, ирфону тасаввуф, панду андарз ва ғ. мебошанд. Дар ғазал аз пайравони Соиб буда, дар баъзе шеърҳояш аз ӯ бо эҳтиром ёд кардааст. Муаллифи маснавиҳои «Миръоти дидор» (дар пайравии «Махзану-л-асрор»-и Низомӣ), «Каманди ваҳдат» (дар ҷавоби «Силсилату-з-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ), «Асрори маснавӣ» (дар пайравии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ), «Нағмаву шеван» (ҷавобия ба «Налу Даман»-и Файзии Даканӣ) ва ғ. мебошад. Ҳамчун офарандаи осори мансури арзишманде ҳам шуҳрат дорад. Таърихи ҳукмронӣ ва воқеоти замони баъзе шоҳзодагони хонадони Темуриёни Ҳиндро (то соли 1714) дар «Таърихи Иродатхон» сабт кардааст (нашр-Лоҳур, 1971; тарҷума ба урду — 1317 ҳ. қ.; тарҷума ба англисӣ — 1786). «Панҷ руқъа» дар жанри номанигорӣ нигошта шуда, номаҳои ошиқ ба маъшуқро дар насри маснӯи муншиёна фаро мегирад. Рисолаи "Калимоти олийёт (ё «Калимоти таййиба»), дар шарҳи рубоиёти худаш ва таҳрири мансури «Вомиқу Азро» низ аз намунаҳои осори мансури Возеҳ мебошанд. Осори Возеҳ дар куллиёте ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар китобхонаи Солорҷанги Ҳайдарободи Дакан таҳти шумораи 2048 маҳфуз аст. Як нусхаи девони ашъораш таҳти шумораи 2049 ва нусхаи дигараш таҳти шумораи 855 дар китобхонаи Осафияи Ҳинд нигоҳдорӣ мешаванд.

Адабиёт

вироиш
  • Ғаффоров А. Возеҳ // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره،(هند، پاکستان، بنگلديش)،جلد چهارم، بخش 3. تهران، 1380 هـ. ش.
  • سیید عبدالوهاب افتخاربخارئ دهلوی. تذکرۀ بی نظیر. تهران، 1390 هـ. ش.ر

Сарчашма

вироиш