Волаи Ҳиравӣ
Мулло Муҳаммаддарвеш Волаи Ҳиравӣ (форсӣ: ملا درویش واله هروی; асри 17) — шоир[1] ва хаттоти форсизабони Ҳиндустон.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Ҳирот. Мувофиқи маълумоти муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан», Волаи Ҳиравӣ дар назди Мулло Фасеҳии Ансорӣ машқи шеър менамуд. Дар аҳди ҳукмронии султон Шоҳҷаҳон (1627-57) ба Ҳиндустон рафтааст. Ӯ умри худро дар ш. Бангола гузаронидааст. Мирзо Абдулқодири Бедил дар ин диёр бо ӯ ҳамсуҳбат шудааст. Бедил дар «Чаҳор унсур» аз ӯ ёд мекунад. Дар назди ҳокими Бангола — Қосимхон Ҷувайнӣ (1628—1631) соҳиби обрӯю эътибори зиёд гардид. Сархуш дар тазкирааш «Калимоту-ш-шуаро» аз Волаи Ҳиравӣ шоири соҳибмаънӣ, ки «як байти ӯ баробари лак [сад ҳазор] байт аст», ёд кардааст. Соҳибдевон аст. Намунае аз ашъори Волаи Ҳиравӣ:
Раҳу расми ишқбозӣ зи ту гашт тозаву нав,
На барӣ ба сӯйи хешам, на маро ба ман гузорӣ.
***
Ҳар мӯйи ман аз ранҷи сафар пойифигор аст,
Чун риштаи тасбеҳ танам обилазор аст.
Бе туам нест ҳаёте, ки тавон гуфтан аз он,
Ин қадар ҳаст, ки гоҳе нафасе меояд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- احمد گلچین معانی. کاروان هند. جلد دوم. مشهد. 1369هـ. ش.ر
Сарчашма
вироиш- Волаи Ҳиравӣ / С. Ализода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.