Волейбол
Волейбо́л (англ. volleyball аз volley — «зарба бо паридан» ва ball — «тӯб») — навъи бозии варзишии тимӣ: бозигарон бо зарбаи дасташон аз болои тӯр тӯбро ба сӯйи ҳариф равона мекунанд, то ки тӯб ба майдончаи ҳариф афтад ё бе вайрон кардани қоида зада гардонда шавад.
Тавсифот | |
---|---|
Аввалин мусобиқот | |
Федератсияи байналмилалӣ | |
Ном | Федератсияи байналмилалии волейбол[d] |
Веб-сайт | fivb.org |
Лоиҳаҳои марбут | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Қоидаҳои бозӣ
вироишДар бозӣ ду тими 6-нафарӣ (дар пайт 6 бор иваз кардан мумкин аст) иштирок мекунанд. Бозӣ дар майдончаи 9х18 м, ки бо тӯр ҷудо карда шудааст (баландии тӯр вобаста ба синну сол ва ҷинси варзишгарон 2,24–2,43 м), бо тӯби қутраш 65–67 см ва вазнаш 280 г мегузарад. Барои тӯбдеҳии бурднок хол ҳисоб карда мешавад. Дар пайт тиме ғолиб меояд, ки 25 хол гирад (ё 15 хол дар пайти 5-ум). Мусобиқа то 3 ғалаба дар пайти яке аз тимҳо идома меёбад.
Таърих
вироишБозии волейболро соли 1895 У. Г. Морган дар ИМА ихтироъ намуд. Ибтидои садаи XX дар Осиё (Ҷопон, Хитой, Филиппин), Амрикои Лотинӣ (Куба, Бразилия, Мексика, Уругвай ва ғайра), Аврупо (Британияи Кабир, Фаронса, Чехословакия ва ғайра) паҳн гардид. Соли 1924 ҳамчун навъи варзиши намунавӣ дар Олимпиадаи Порис муаррифӣ шуд. Дар барномаи Олимпиада соли 1964 дохил гардид. Соли 1947 Федератсияи байналхалқии волейбол (ФБВ) таъсис ёфт, ки 218 федератсияи миллиро муттаҳид мекунад (2005). Аз соли 1948 чемпионати Аврупо дар байни мардҳо (аз соли 1949 байни занҳо), аз соли 1949 чемпионати ҷаҳон байни мардҳо (байни занҳо аз соли 1952), аз соли 1960 мусобиқаҳо барои Ҷоми ҷаҳон барои тимҳои клубӣ, аз соли 1965 барои Ҷоми ҷаҳон барои тимҳои миллӣ доир мегардад. Соли 1990 Лигаи ҷаҳонии тимҳои мардона ташкил шуд, ки тимҳои касбиро муттаҳид мекунад. Волейбол дар Русия аз солҳои 20 садаи XX маъруф гардид.
Дар нимаи дуюми садаи XX волейболи соҳилӣ низ ривоҷ ёфт, ки бозӣ дар майдончаи регзор доир мегардад ва тим аз 2 бозигар иборат аст. Соли 1996 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил гардид.
Дар Тоҷикистон
вироишДар Тоҷикистон аввалин тимҳои волейбол соли 1926 ташкил шуданд. Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ Федератсияи волейболи Тоҷикистон (ФВТ, 1992) ташкил шуд, ки дар ривоҷи ин навъи варзиш саҳми арзанда дорад. Бо ташаббуси ФВТ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назди мактабҳои варзишии бачагона гурӯҳҳои волейболбозон ташкил карда шудаанд. Дар чемпионатҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳурӣ дастаҳои мунтахаби ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок менамоянд. Тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон (мардона ва занона) дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои байналмилалӣ ширкат меварзад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 55 нафар устоди варзиш ва 15 нафар номзад ба устоди варзиш кор мекунанд. Ин навъи варзиш дар ҷумҳурӣ зиёда аз 15 ҳазор нафарро фаро гирифтааст. Дар солҳои охир аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол байни духтарон ва писарон як бор мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Инчунин аз тарафи ФВТ, Ҷоми Федератсия мусобиқаи волейболи соҳилӣ ва дар байни донишҷӯён, наврасон, ҷавонон, муаллимон, кормандони ВКД, кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар соҳаҳо мусобиқаҳо баргузор мешаванд. Дар комёбиҳои волейболбозони тоҷик дар мусобиқаҳо хидмати мураббиён – устодони варзиш Б. Мавлоназаров, Н. Ашӯрмамадов, У. Содиқов, Б. Урдабоев, С. Ғаниев, Р. Тайғуншоева, Р. Аббосов, М. Худойбердиев, Р. Бозорбоев, И. Ҳомидов бузург аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Волейбол / И. Ҳ. Иброҳимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.