Волии Бадахшӣ (форсӣ: والئ بدخشى‎), Мир Султоншоҳ ибни Мир Юсуфалихон (? — 1882) — шоири тоҷик.

Волии Бадахшӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш дар манбаъҳои адабӣ наомадааст. Бо тахаллуси «Волӣ» шеър мегуфтааст. Аз девон доштанаш иттилое дар даст нест. Намунаҳои осораш дар тазкираҳо ва баёзҳо сабт гардидаанд. Ҳунари хаттотӣ низ доштааст. Абёти зерин аз як марсияи Волии Бадахшӣ дар сӯги Мир Маҳмудшоҳи Оҷиз ном шахс аст:

Фиғон, фалак, ки ба бемеҳрӣ сахт машҳурӣ,
Агар вафое туро нест, рав, ки маъзурӣ.
На бевафоият имрӯз баҳри мо танҳост,
Ки кардаӣ ту фаровон чунону мағрурӣ.
Касе надиду набинад ба аввалу охир
Зи дасти ҷаври ту, ай чархи сифла, масрурӣ.
Ғараз зи шиква ҳамон аст, к-он наводири даҳр
Хаёли тахти адам карду ёфт дастурӣ.
Намуда Волии бедил суроғи таърихаш
Зи пири ақл ба сад оҳу аҷзу маҳзурӣ.
Гузошт пойи ҷафо, сар зи рӯйи меҳр кашид,
Ҷавоб дод: «Зи ман ҷӯ савоби мағфурӣ».

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • افغانستان آریانا. دائرةالمعارف. کابل، 1955

Сарчашма вироиш