Вологда
Вологда — шаҳри Русия, соли 1147 таъсис шудааст, маркази маъмурӣ, маданӣ ва илмии вилояти Вологда. Дар соҳили дарёи Вологда ҷойгир шудааст ва муҳимтарин ҷузъи шабакаи нақлиёти минтақаи Шимолу Ғарби Русия ба ҳисоб меравад. Ба гурӯҳи шаҳрҳои шомил аст, ки мероси гаронбароси таърихӣ дорад ва дар ҳудуди шаҳр 224 муҷассамаҳои таърихи-маданӣ ёфта шудаанд, аз онҳо 128 дар зери ҳимояи давлатанд.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
русӣ: Вологда | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Yury Sapozhnikov[d][1] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1147[2] | ||||
Аввалин номбарӣ | 1147 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 120 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 8172 | ||||
Нишонаи почта | 160000, 160001, 160002, 160004, 160009, 160010, 160011, 160012, 160013, 160014, 160015, 160017, 160019, 160020, 160021, 160022, 160023, 160024, 160025, 160026, 160028, 160029, 160031, 160032, 160033, 160034, 160035, 160555, 160901 ва 160999 | ||||
vologda-portal.ru(рус.)(англ.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърихи таъсиси шаҳр
вироишДар ҳоли ҳозир доир ба таърихи таъсиси шаҳр ду фарзия ҷой дорад.
- Мувофиқи фарзияи якум шаҳри Вологда соли 1147 таъсис ёфтааст. Ин сана аввалин маротиба соли 1780 аз ҷониби А.А.Засетский дар китоби «Повестҳо дар бораи мӯҷизоти Герасими Вологдаги» сабт шудааст. Дар китоб омадааст, ки авлиёи руҳони Герасим соли 1147 дар соҳили дарёи Вологда колесои Троискро бунёд намуд ва ин ба таъсиси шаҳр иптидо гузошт, лекин мувофиқи тадқиқоти илмии муосир фарзияи мазкур ривоятест, ки соли 1666 бо фармони рӯҳони Маркел аз ҷониби шахсе бо номе Фома навишта шудааст. Аз ин рӯ дар китоб бисёр тазод ва номувафиқи во мехурад. Дар таърихи қайдшуда ҳанӯз дар шимол ва шимолу шарқи Русия ягон колесо бунёд нашудабуд. Аввалин колесоҳо дар Владимир – соли 1152, Ростов – соли 1212, Белозерск – соли 1251 бунёд шудаанд. Кофтуковҳои археологӣ ба он далолат мекунад, ки шаҳри Вологда асри XIII бунёд шудааст.
- Мувофиқи дигар шаҳри Вологда соли 1264 бунёд шудааст. Ин фарзия ба кофтуковҳои археологи такеа менамояд ва маҳз соли 1264 шаҳри Вологда дар дастхатҳои таърихии Новгороди Бузург во мехурад. Дар он Вологда ҳамчун минтақаи тобеи Новгород зикр шудааст.
Аввалин ҷои бунёди шаҳри Вологда назди колесои «Воскресенье» ба ҳисоб меравад. Ин ҷой то соли 1565 маркази шаҳр буд. Биноҳои шаҳр ҳама аз чӯб сохта будаанд.
Таърихи номи шаҳр
вироишНоми шаҳри Вологда чӣ гуна пайдо шудааст, аниқ маълум нест. Аз ин рӯ доир ба таърихи номи шаҳр ду нуқтаи назарияи асосӣ ҷой доранд: Назарияи фину угорӣ ва назарияи словянӣ. Мувофиқи назарияи аввал дар Вологда дар заминҳои қадим қабилаҳои фину угор зиндагӣ мекарданд.
- Бинобар он номи шаҳр фину угорӣ аст
- Номи фину угории шаҳри Вологда бо тахминҳои зерин шаҳр дода мешаванд: тахмини Чайкина Никитинский ва тахмини монанди ба калимаҳои фину угорӣ. Соли 1988 забоншинос Ю.И.Чайкина тахмин намуд, ки номи Вологда яке аз калимаҳои забони вепсӣ буда, маънояш сафед, тоза аст. Пас Вологда ҳамчун дарёи тоза ва шафоф маъно дорад. Археолог И.Ф.Никитинский тахмини Чайкинаро бо он тасдиқ менамояд, ки ба дарёи Вологда наздики шаҳр дарёи Содема пайваст мешуд. Калимаи «содема» ба забони эстонӣ нисбат дода мешавад ва ҳамчун «ифлосӣ», «сиёҳӣ» тарҷума мешавад. Бо муқоиса бо дарёи Содема онро дарёи сафед ва шаффоф – Вологда номидаанд.
- Мувофиқи тахмини монанди ба калимаҳои фину угорӣ дар забони қабилаи зирёни минтақаи Коми калимаи «волок» ҳамчун «ҷангали калон» ва калимаи «волоква» - дарёи ҷангал тарҷума мешавад
- дар забони халқи марий калимаи «волгидо» ҳамчун равшанӣ тарҷума мешавад.
- Аз нуқтаи назари словянӣ истилоҳи «Вологда» решаи словянӣ дошта, се тахмин ҷой дорад:
- Аз рўи тахмини якум Вологда аз калимаи «волок» пайдо шудааст. Волок гуфта роҳи хушкигарди байни ду ҳавзҳои обиро меноманд. Таввасути ин роҳ аз ҳавзаи дарёи Сухан ба ҳавзаи дарёи Двинаи шимоли мегузоштанд.
- Тибқи тахмини дуюм номи шаҳр аз номи ҳокиме, ки ин шаҳрро сохтааст пайдо шудааст – ҳоким Рогвологда.
- Тибқи тахмини сеюм номи шаҳр аз номи махлуқҳои авсонавӣ ба номи «волотҳо» пайдо шудаанд. Гӯё дар заминҳои қадим паҳлавонҳои словянҳои шарқиро волотҳо меномиданд.
Ду тахмини охирин асоси илмӣ надоранд.
Таърих
вироишТаърихи Вологда то соли 1533
вироишДар асрҳои XIII-XV Вологда ҳадафи ҳокимони Новгород, Твер ва Маскав буд, аз сабаби он, ки дар мобайни роҳҳои оби мавқеъ дошт. Соли 1371 руҳони Дмитрий Прилутский се километр дуртар аз Вологда колесои Спасо-Прилутскиро бунёд намуд, ки ин аввалин колисои бузург дар шимоли Рус буд. Сохтумони ин колесоро князи Маскав Дмитрий Донской низ дастгирӣ намуд, ҳамчун такиягоҳи мубориза бар зидди ҳокимони Новгород. Соли 1397 князи Маскав Василий I кӯшиши тасаруфи Вологдаро намуд вале дучори ҳамлаҳои Новгородиҳо шуд. Соли 1147 бади шикаст аз Дмитрий Шимяка аз ҷониби Маскав князи Василий II фиристода шуд. Василий II ба колесои Ферапонтов ҳозир Дмитрий Шимяка ба Вологда ҳуҷум намуд вале онро запт карда натавонист. Баъди вафоти Василий II соли 1462 писари ӯ Андрей Менший дар Вологда ҳукумронӣ намуд. Соли 1481 баъди вафоти Андрей ҳукумронии Вологда ба ихтиёри Ивани III гузашт ва бо ҳамин ҳукумронии масквагиҳо дар Вологда устуворӣ гашт.
Вологда дар давраи Иван Грозный (солҳои 1533-1584)
вироишДар солҳои ҳукумронии Ивани IV – Иван Грозный Вологда ба маркази муҳими тиҷорати байни Русия ва Англия, Голандия ва дигар кишварҳои ғарбӣ мубадал гашт. Тавасути Вологда тоҷирон ба самтҳои баҳри сафед ва Сибир равона мешудаанд. Дар Вологда хазинаи давлатӣ сохта шуда буд. Соли 1553 ба Вологда баҳрнаварди англис Ричард Ченслор ташриф овард ва робитаи дипломатиро байни Русия ва Англия ташкил намуд. Тоҷирони англис аз мавқеъи хуби ҷуғрофии Вологда ва ҳаёти осоиштаи он таввасути тоҷир Джон Гасс ба зидди хабардор гаштанд. Минбат тиҷорат бо Англия хеле ривоҷ ёфт. Барои гуфтушунид ба Англия зоддаи Вологда Осип Непея ҳамчун сафир фиристода шуд. Соли 1565 Иван Грозный тасмин гирифт, ки Вологда пойтахти давлат шавад. Бо амри ӯ сохтумони қалъаи нав оғоз гирифт. Ин қалъа аз як ҷониб бо дарё маҳдуд шуда аз ҷонибҳои дигар бо чуқуриҳо ҷудо шуда буд. Ҳозир дар ҷои ин чуқуриҳо қисмати кӯчаҳои ҳозираҳои Ленинградская, Октябрская ва Мира ҷой гирифтаанд. Хишти аввали қалъаро шахсан худи Иван Грозный 28 апрели соли 1566 дар ҳузури авлиёҳои руҳони Насон ва Сосипатр гузоштааст. Аз ин рӯ минбат ин ҷойро шаҳри Насон ном мебурданд. Шаҳри Насон ин ҷои кремли Вологда аст. Соли 1568 дар ҳудуди қалъа бунёди аввалин бинои сангини ибодаткунии Собори Софийский оғоз гардид ва то соли 1570 давом кард. Онро монанди собори Успенскии Маскав бунёд карданд. Иван Грозный бо маслиҳати меъмор Размисл Петров кӯшиш намуд то Вологда симои пойтахтро гирад. Соли 1571 шаҳри Вологда маркази епархии Вологдаю Перм гардид. Бо ҳамин Вологда на танҳо маркази тиҷорати сиёсиву ҳарбӣ, инчунин маркази дину колесо гардид. Лекин соли 1571 Иван Грозный сохтумонро дар Вологда қатъ намуд. Ривояд мекунанд, ки ин қарори шоҳ бо ҳодисаи зерин вобастааст: вақте, ки шоҳ дар сохтумони собори Софийский ҳузур дошт, аз боме санге ба сари ӯ афтод. Шоҳ аз ин ба хашм омада инро ҳамчун нишонаи бад ҳисобид. Сохтумони Собори Софийский танҳо соли 1587 ҳангоми ҳукумронии писари Иван Грозный – Федор Иоанович пурра ба анҷом расид. Як қисмати сохтанашудаи қалъа дар асри XVII бо деворҳои чӯбин пурра карда шуд. Сипас дар аввали асри XIX деворҳои чӯбинро ба сангин иваз намуданд.
Вологда дар замони мушкилот (солҳои 1605-1613)
вироишДар замони мушкилот соли 1605 Вологдаро касалии сирояткунанда фаро гирифт. Соли 1608 сокинони Вологда ба Лжедмирий II тобеъ гардиданд. Лжедмирий II аз ин истифода бурда қисмати шимоли Русияро ба зери тасааруфи худ даровард. Маъмурони ҳукумат аз мансабаҳои худ истеъмол намуда норозигии мардумро нисбат ба ҳукумат зиёд намуданд. Феврали соли 1609 ошӯби мардуми таҳти роҳбарии Никита Вячеславсев сар зад. Онҳо ба ҳаракати мардумии Минин ва Пожарский ба муқобили истилогарони поляку литови пайвастанд. Аз сабаби он, ки дар шаҳр мувофизони халқи хеле кам буданд, бинобаро 29 сентябри соли 1613 гурӯҳҳои ғоратгари поляку литови шаҳрро забт намуданд, шаҳрро оташ заданд қисми зиёди аҳолиро асир гирифта ва нобуд намуданд.
Вологда дар замони Романовҳо (1613-1917)
вироишБаъд аз соли 1613 шаҳри Вологда барқарор шуд ва ба маркази тиҷорат бо кишварҳои ғарби мубадал гардид. Дар давраи Пётр I дар шаҳр яке аз базаҳои асосии ҳарбии Русия ташкил гардид, ки дар он таъҷизоти ҳарбии техникӣ барои қалъаҳо ва киштиҳои ҳарби нигоҳ дошта мешуд. Ҳамчунин дар шаҳр воситаи нақлиёти обӣ барои кашонидани борҳо ба Архангелск сохта мешуд. Дар кӯли Кубинск, ки 30 км Вологда шимолтар дорад, Пётри I ният дошт маркази таълими барои қувваҳои баҳрии ҳарби ташкил кунад. Пётри I камаш 10 маротиба аз Вологда гузар намуда, 6 маротиба ба шаҳр ташриф намудааст. Ҷои ташрифи шоҳ дар Вологда хоначаи тоҷири голанди Гоутман будааст. Ин хоначаро ҳокимони шаҳр соли 1872 хариданд ва 1885 дар онҷо осорхонаи Пётри I ташкил шуд. Бо баробари ташкилшудани шаҳри Петербург эътибори Вологда ҳамчун маркази тиҷорат бо мамлакатҳои ғарб кам гардид. Соли 1708 Вологда ба тобеъи губернияи Архангелск шуд. Дар давраи Екатеринаи II боз шаҳр эътибор намуд. Соли 1780 воҳиди мустақили маъмурии Вологда ташкил шуд. Он соли 1798 ба губернияи Вологда соли 1781 нақшаи сохтумони шаҳр қабул шуд ва он минбат амалӣ гардид. Қисмати таърихии Вологдаи имрӯза натиҷаи амалшудани ин нақша аст. Соли 1872 байни Вологда ва Ярославу Маскав роҳи оҳан сохта шуд. Соли 1898 бо Архангелск, соли 1905 бо Петербург ва Виатка. Соли 1871 дар мавзеи Фоминское, ки 13 км дуртар аз Вологда қарор дорад, корчалони аврупои Бурман заводи равғанбарориро ба истифода дод. Аз ҳамон вақт сар карда Вологда ба яке аз марказҳои равғанбарорӣ мибадал гашт. Дертар маҳз дар ҳамин завод Н.В.Верещагин технологияи махсуси истеҳсоли равғани Вологдаро кор карда баромад. Аз рӯи ин технологияи равғани Вологда то ҳол машҳур аст. Соли 1911 дар заминаи заводи равғанбарорӣ донишкадаи ширу равғани Вологда ташкил шуд. Дар асрҳои XIX ва XX Вологда ҷои бадаргаи ракибони сиёсии ҳукумати подшоҳии Русия ба монанди И.В.Сталин, В.М.Молотов, Н.А.Бердяев, Б.В.Савинков, М.И.Улянова, А.В.Луначарский буд.
Вологда дар давраи ҳокимияти Советӣ (соли 1917-1991)
вироишҲокимияти Советӣ дар Вологда декабри соли 1917 барпо шуд. Феврали соли 1918 бо сабаби ҷанги гражданӣ як қатор сафоратхонаҳои хориҷӣ ба Вологда кӯчонида шуда буданд. Солҳои ҷанги гражданӣ штаби армияи VI сурх дар Вологда ҷой гирифта буд. Соли 1929 Вологда ба ҳайати Кишвари Шимоли ба вилояти Шимолои мубадал гашт, сипас соли 1937 ба вилоятҳои Архангелску Вологда тақсим шуд. Дар ҳамин аём ноҳияи Череповесӣ вилояти Ленинград бо минтақаҳои гирду атрофаш ба Вологда ҳамроҳ шуд. Солҳои 30-юм дар Вологда комбинати зағирбарорӣ, заводи таъмири вагонҳо ва заводи чӯби тахтаи «Северный комунар» сохта шуданд. Солҳои ҷанги 2-юми ҷаҳонӣ муассисаҳои саноатии Вологда барои истеҳсоли таъҷизоти ҳарби истифода мешуданд. Вологда дар наздикаҳои минтақаҳои ҷангӣ қарор дошт. Бинобарон як қатор чорабиниҳо барои мудофияи шаҳр аз ҳуҷуми эҳтимолии душманон гузаронида шуд. Дар шаҳр базе госпиталҳои ҳарбӣ ҷой гирифта будунд. Солҳои 60-ум таҳти роҳбарии А.С.Дрыгин дар Вологда дар ҳамаи соҳаҳо дигарбуняҳои кулли ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла чунин корхонаҳои саноатӣ сохта шудаанд: заводи падшибникбарорӣ, заводи оптики-механикӣ, заводи таҷизоти саноатӣ, фабрикаи парандапарварӣ. Солҳои 70-ум донишкадаи политехникӣ таъсис ёфт. Биноҳои бисёрошёна сохта шудаанд ва шаҳракҳои Бивалово, ГПЗ, 5-ум ва 6-ум пайдо шуданд. Соли 1976 аввалин тролейбусҳо «душохаҳои барқӣ» сар дода шудаанд.
Вологда баъд аз пошхурии СССР (баъд аз соли 1992)
вироишОктябри соли 1993 сохторҳои советӣ барҳам хӯрда ба ҷои он сохторҳои ҳокимияти имрўза таъсис шудаанд. Аз ҷумла 20 марти соли 1994 аввалин интихоботи ба Думаи Давлатии Вилояти Вологда барпо шуд. Соли 1995 ба ҳайяти Думаи Давлати 30-нафар шомил буданд. Соли 1996 аввалин маротиба ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ Алексей Якуничев, мири шаҳри Вологда интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа то соли 2008 кор кард. Аз соли 2003 ин ҷониб дар атрофии Вологда корҳои сохтумони барои васеъ намудани роҳҳои аҳмияти умумии давлати дошта оғоз шуд. Ин роҳҳои Вологда - Ладагаи нав, Вологда - Медвежегорск, Вологда - Архангелск. Аз 12 декабри соли 2008 то ин ҷониб роҳбарии шаҳри Вологдаро Е.Шулепов ба уҳда гирифтааст.
Аҳолӣ
вироишАксарияти аҳолии Вологда русҳо мебошанд. Қариб 50 ҳазори аҳолии шаҳрро мансабдорон ташкил медиҳанд, зеро Вологда маркази вилоят мебошад.
Ҷойҳои таърихӣ
вироишВологда яке аз шаҳрҳои таърихии Русия ба ҳисоб меравад. Дар он қариб 193 осори таърихи аҳмияти давлатӣ дошта ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла кремли Вологда, колесои Софийский, мавзеи Спасо-Прилутск, силсилаи колесоҳои Владимирски, Константин ва Елена, Иоан Предтечий, Дмитрий Прилутский, майдони револютсия, кӯпруки сангин.
Армуғони Вологда
вироишАрмуғони Вологда аз кружево-бофтагии махсус, равғани зарди Вологда ва зағири Вологда иборат аст.
Осорхонаҳои Вологда
вироишАввалин осорхонаи Вологда хоначаи тоҷири голанди Гоутман ҳисоб мешавад, ки он соли 1885 ташкил шудааст. Ҳоло дар Вологда 10-осорхона ва 4-намоишгоҳ мавҷуд аст. Калонтарин ва маъшҳуртарин он осорхонаи Давлатии таърихи мемори ва бадеии Вологда мебошад, ки он аз қисматҳои зерин иборат аст:
- Кремли Вологда (Архиерейский двор)
- Осорхонаи Пётри l (хоначаи Пётр)
- Намоишгоҳи «Вологда дар остонаи асрҳо»
- Осорхонаи «Олами чизҳои фаромўш шуда»
- Осорхонаи шоир К.Н.Батюшков
- Осорхонаи «адабиёт ва санъати асри XX»
- Осорхонаи А.Ф.Можайский
- Осорхонаи «бадарга дар Вологда»
- Осорхонаи маъмори-этнографи
Инчунин дар Вологда осорхонаи хусуси амал мекунад, ки он осорхонаи Софирон ном дорад. Ин осорхона бо таърихи кӯчбастани софирони хориҷӣ ба Вологда соли 1918 вобастагӣ дорад.
Театрҳо
вироишИмрӯз дар Вологда Театрҳои зерин амал мекунанд: театри драмаи Вологда, театри бачагон ва ҷавонон, театри лӯхтаки «Теремок», театри камеравӣ, филармонияи ба номи В.Гаврилин, театри мусиқии бачагона.
Фестевалҳо
вироишҲарсол дар Вологда фестивали театрии «садоҳои таърих», фестивали «байналхалқии мусиқии Гаврилин» ва лоиҳаи театрию мусиқии «тобистон дар кремл» барпо мешавад.
Намоишҳо-ярмаркаҳо
вироишНамоишҳо-ярмаркаҳо: «Зағири Русия», «ҷангали Русия», «Дарвозаи Шимол», «хонаи худ».
Алоқаи телефонӣ
вироишДар Вологда алоқаи телефонии доими тавасути корхонаи «Телекоми шимолу ғарб» таъмин мегардад. Инчунин алоқаи телефонҳои мобилӣ: «Билайн», «Мегафон», «МТС», «Sky Link», «Теле-2» амал мекунанд.
Телевизион
вироишДар Вологда 10 шабакаи телевизионии давлатӣ паҳн мешавад: «Якум канал», «Россия», «ТВЦ», «НТВ», «РЕН ТВ», «МУЗ ТВ», «Культура», «ТНТ», «ТРК Петербург 5-канал», «7 ТВ» Телевизиони маҳали тавасути шабакаҳои зерин амал мекунад: «7 канал», «РЕН ТВ» (Русский север), «Россия», «ТНТ», «Домашний»
Рӯзномаҳо
вироишДар Вологда рӯзномаҳои зерин паҳн мешаванд: «Городокъ», «Вологодская неделя», «Красный Север», «Премьер», «Вологодские новости», «Наша Вологда», «Хронометр-Вологда», «Комсомольская правда-Вологда», «Местная газета – Вологодской области», «Комунальная газета»
Радио
вироишДар Вологда 1-радио шабакави бо номи «Радио Россия» ва 7-радиои мавҷи FM бо номҳои зерин паҳн мешавад: «Европа плюс - Вологда», «РОС-Радио», «DFM-Вологда», «Трансмит», «Русское радио - Вологда», «Эхо Вологды», «Премьер».
Иқлим
вироишИқлими Вологда мӯтадил аст. Зимистонаш 5-моҳ тӯл мекашад. Моҳҳои хунуктарин декабр ва январ. Баҳор, тирамоҳ ва тобистон ҳаво на он қадар гарм аст. Гармтарин моҳи июл. Тобистон ва тирамоҳ бештар борон меборад. Ҳарорати миёнаи солона +2 - +8 С. Суръати миёнаи солона вазиши шамол 3,5 м/с. Намии миёнаи солонаи ҳаво – 80 %.
Муасисаҳои маълумоти олӣ
вироиш- «Донишгоҳи давлатии техникӣ Вологда»
- «Донишгоҳи давлати омӯзгории Вологда»
- «Академияи давлатии хоҷагии ширӣ Вологда»
- «Донишкадаи ҳуқуқ ва иқтидосиёти Вологда»
- «Шуъбаи Вологдагии академияи Давлатии ҳуқуқшиносии Маскав»
- «Шуъбаи Вологдагии академияи байнахалқии бизнес ва технологияҳои нав»
- «Шуъбаи Вологдагии академияи хидмати Давлати Шимолу Ғарб»
- «Донишкадаи Бизнеси Вологда»
- «Шуъбаи донишгоҳи Давлатии муҳандисию иқтисодии Санкт-Петербург»
Нақлиёт
вироишВологда дар буриши роҳҳои муҳими мошингард, оҳан ва обӣ ҷой гирифта аст. Дар шаҳр шабакаи мукамали нақлиёт амал мекунад. Аз ҷумла 2-кӯпруки мошингард аз болои дарёи Вологда ва 2-кӯпруки мошингард аз болои оҳангард, кӯпруки пиёдагардандонд «красный мост» амал мегарданд.
Нақлиёти роҳи оҳан
вироишДар минтақаи Вологда стансияҳои зерини шабакаи роҳҳои оҳани минтақаи Шимоли Русия мавҷуд аст: «Вологда-I», «Вологда-II», «Лоста-Сортировочная», «Рыбкино». Аз стансияи Вологда-I тавасути электропоездҳо то стансияҳои: Череповец, Грязовец, Данилов, Буй, Галич, Сокол, Коноша, Бабаев роҳсипар шудан мункин аст. Тавасути поездҳои мусофиркаш ба шаҳрҳои зерин сафар кардан мункин аст: Маскав, Санкт-Петербург, Архангелск, Мурманск, Ярославл, Тула, Орёл, Курск, Белгород, Харков, Запороже, Симферопол, Сиктифкар, Воркута, Киров, Перм, Екатеринбург, Новокузнеск, Челябинск, Новосибирск, Алма-Ато, Остона.
Нақлиёти ҳавоӣ
вироишАэропорти Вологда 10 км дуртар аз маркази шаҳр ҷой гирифтааст. Аз аэропорти Вологда тавасути ҳавопаймоҳои Як-40 ба шаҳрҳои: Маскав, Санкт-Петербург, Великий Устюг, Ухта парвоз кардан мункин аст. Дар аэропорт ин чунин чархболҳои Ми-2, Ми-8 барои таъмини хидматрасонии шабакаҳои газ ва нафт истифода мешавад.
Саноат
вироишИмрӯз дар Вологда корхонаҳои саноатии зерин амал мекунанд.
- «Заводи подшипникбарории Вологда»
- Корхонаи шарроббарории «Вагрон»
- Заводи истеҳсоли таъчизоти комплекси агро-саноатӣ
- Заводи оптики механикӣ Вологда
- Заводи таъмири вагонҳои Вологда
- Заводи истеҳсоли таъчизоти сохтумонӣ
- Заводи истеҳсоли таъчизоти барқӣ
- Муассисаи лоиякаши сохтумон ва идоракунии биноҳои истиқоматкунӣ
- Заводи истеҳсоли тролейбусҳо ва автобусҳо
- Заводи истеҳсоли таъчизоти роҳҳо
- Заводи истеҳсоли таъчизоти коркарди чӯб.
Варзиш
вироишДар Вологда варзишгоҳҳои «Динамо», «Локомотив», «Витяз», ҳавзҳои шиноварии «Динамо», «Лагуна», комплекси варзишии «Спектр» ва шумораи зиёти марказҳои саломати ва майдончаҳои варзиши амал мекунанд. Дар Вологда тими футболи «Динамо» ва тими баскетболи «Чеваката» машқ мекунанд.
Бародаршаҳрҳои Вологда
вироиш- Зволла (Нидерланд)
- Мишколс (Венгрия)
- Лондондерри (ШМА)
- Коувола (Финляндия).