Волоияти Конститутсия
Волоияти Конститутсия — асли ҳуқуқие, ки мутобиқи он Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ эътироф гардида, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёр-ҳои он мустақиман амал мекунанд.
Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Ҷойи Конститутсия дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар қуллаи баланди низоми қонунгузории ҷумҳурӣ муайян карда шудааст. Риояи қатъии талаботи Конститутсия, мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба ҳукми қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсияро Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Қарорҳои Суди конститутсионӣ дар ин бобат қатъӣ мебошанд.
Волоияти Конститутсия ҳамчунин дар омилҳои гуногун ифода меёбад. Дар давлати ягона, ҳамчун қоида, як Конститутсия амал мекунад. Ҳамаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсия мувофиқат дошта бошанд, дар ҳолати мувофиқ наомаданашон онҳо аз лаҳзаи қабул беэътибор дониста мешаванд. Конститутсия бо тарзи махсус қабул шуда, ба он дар шакли худи Конститутсия муайянкарда тағйироту иловаҳо дохил карда мешавад. Тафсири Конститутсия бо тартиб ва шакли дар он муайяншуда сурат мегирад. Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси Олӣ тибқи тартиби барои қабули Қонуни конститутсионӣ муқарраршуда, дар шакли Қонуни конститутсионӣ қабул менамояд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Тафсири оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2009.;
- Нақши Конститутсия дар бунёди давлатдории миллии Тоҷикистон. Д., 2011;
- Имомов А. Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2012.
Сарчашма
вироиш- Волоияти Конститутсия / А. Имомов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.