Волтерчигӣ
Волтерчигӣ (фр. voltairianisme) — равияи пешқадами афкори маорифпарварӣ, ки заминаи онро нависанда, файласуф ва таърихнигори фаронсавӣ Волтер гузоштааст.
Таърих
вироишВолтерчигӣ ҳамчун равияи маорифпарварӣ дар нимаи дуюми садаи XVIII ва нимаи дуюми садаи XIX ташаккул ёфта, дар симои пайравонаи Дидро, Ламетри, Голбах, Бомарше, Марат, Робеспер ва дигарон ҷанбаҳои зиддидинӣ ва танқиди хурофотро густариш бахшид. Пайравони Волтерчигӣ бо идеологияи ҳукмрони замон, таассуби калисо ва хурофоти динӣ мубориза бурда, ғояҳои озодию инсонпарварӣ ва волоияти қонунро тарғиб мекарданд. Волтерчигӣ дар мубориза дар ин самт тадриҷан ба афкори деизм, пантеизм ва атеизм гаравида, ғояҳои «ҳукмронии хирад» ва ҷамъияти адолатбунёдро пуштибонӣ мекард ва барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа озодӣ, баробарӣ, меҳнату роҳати осудаҳолона ва амали қонуни ягонаву боадолатро ҷонибдорӣ мекард. Волтерчигӣ аз як тараф ба қонуниятҳои инкишофи ҷамъият назари материалистӣ дошта, аз ҷониби дигар мавҷудияти илоҳиро ҳамчун қувваи такондиҳандаи материя эътироф мекард. Баъзе ғояҳои Волтерчигӣ дар осори маорифпарваронаи Аҳмади Дониш, хусусан дар назарияи танзими давлат, сиёсати мулкдорӣ, ислоҳоти сахти иҷтимоӣ, таҷдиди усули мактабу маориф ва густариши улуми дунявӣ бадеҳатан баён гардида, барои ташаккули афкори пешқадами сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик дар нимаи дуюми садаи XIX муҳим буд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Волтерчигӣ / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.