Волт бар метр
Волт бар метр (англ. volt per meter) — воҳиди шадидияти майдони электрӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳо; ишораташ В/м ё V/m. 1 В/м — шадидияти майдони якҷинсаи электрӣ аст, ки ҳангоми пайдо шуданаш дар байни нуқтаҳои аз ҳам дар масофаи 1 м қад-қади хатти майдони шадидият хобида фарқи потенсиалҳои баробари 1 В ҳосил мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Волт бар метр // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.