Вона
Во́на (кур. 원?, 圓?) — воҳиди пули Кореяи Шимолӣ (1947) ва Кореяи Ҷанубӣ (1950).
Кишвар | |
---|---|
Бонки марказӣ / ниҳоди масъули тавзиъ | Bank of Korea[d] |
Иваз шуд ба | Korean yen[d] |
Ба ҷои | Korean yang[d] |
Замони оғоз | 1900 |
Замони поён | 1910 |
Price | 1 ¥ |
Вона ба 100 ҷон тақсим мешавад. Ишораи расмии ҷаҳонии вона — ₩; рамзи байналмилалии бонкиаш ISO 4217 — KRW. Солҳои 1902-10 вона воҳиди пули Корея маҳсуб ёфта, дар таносуби 1: 5 ба муомилот бароварда шуд. Аслан дар шакли танга (филиззӣ) бо арзишҳои 1/2; 1; 5; 10; 20 ҷон, 1/2; 10; 20 вона бароварда мешуданд, пули коғазии он вуҷуд надошт. Ҳоло баъди қабули қарори ивази тартиби интишор ва арзишҳои он дар муомилот пулҳои коғазии арзиши номиналиашон 1000, 5000, 10000 ва 50000 вона ва тангаҳои арзишашон 1, 5, 10, 50, 100, 500 вона бароварда шудаанд. Мувофиқи қурби расмии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (октябри 2013) 100 вона ба 0,0045 сомонӣ баробар аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Вона / М. Тағоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.