Вопросы литературы
[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои [[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба {{{забон}}}]]]][[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба русӣ]]
Даврнокӣ | 2 моҳ |
---|---|
Забон | русӣ |
Муҳаррири асосӣ | Igor Shaytanov[d] |
Кишвар | |
Санаи таъсис | 1957 |
Веб-сайт | voplit.ru(рус.) |
Вопро́сы литерату́ры — маҷалла‒фаслномаи илмӣ-таҳқиқӣ ва назарии собиқ ИҶШС ва ҳоло (2015) Русия.
Таърих
вироишАз апрели 1957 соле 6 шумора ба табъ мерасад. Дар ибтидо нашрияи ИН ИҶШС ва Институти адабиёти ҷаҳон ба номи М. Горкий буд. Аз соли 1992 Институти адабиёти ҷаҳон ва фонди дастгирӣ ва мусоидат ба рушди нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ — «Литературная мысль» нашр мекунад. Аз соли 2007 муассисаш фонди ҷамъиятӣ-минтақавии «Литературный критик»-и Русия мебошад. Муҳтавои «Вопросы литературы»-ро баҳсҳо дар бораи масъалаҳои умумии адабиётшиносӣ, таърихи адабиёт ва танқиди адабӣ ташкил менамоянд. Дар бахшҳои «Дар мавзӯъҳои ҳозиразамон», «Поэтикаи муқоисавӣ», «Адабиёти имрӯз», «Масъалаҳои назария», «Таърихи адабиёт», «Асри гузашта», «Метод ва усул», «Адабиёти хориҷӣ. Баҳсҳо», «Филология дар чеҳраҳо», «Бойгонии адабиёт», «Коргоҳи эҷодӣ», «Нашрҳои тоза, ахбор, ёддоштҳо», «Шарҳ ва тақриз» мақолаву пажӯҳиш, нақду баррасиҳо ва ғ.-ро ба чоп мерасонад. «Вопросы литературы» аз нашрияҳои муътабари илмист. Дар марҳалаи аввали интишор муҳтавои он оҳанги сиёсиву идеологӣ дошт. Дар саҳифаҳои он масоиле, аз қабили вазъи илми адабиётшиносии шӯравӣ, асарҳои ба методи реализми сотсиалистӣ таълиф шуда, масоиле чун ҳизбият ва халқияти адабиёт, алалхусус назария ва амалияи адабиёти реализми сотсиалистӣ, муборизаи ғоявӣ дар ҷабҳаи адабиёт ва илми адабиётшиносӣ, равобит ва таъсири мутақобили адабиёти манотиқи мухталиф, рӯйдод ва тамоюлҳои адабиёти миллатҳои гуногуни шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар марҳалаи дуввуми интишор (баъди соли 1992) барнома ва ҳадафҳои «Вопросы литературы» тағйир ёфта, ғаразҳои мафкуравиаш аз байн рафт ва ҷанбаи илмӣ ба ҷойи аввал гузашт. Маҷалла акнун ба масоили ҳунар, равобити адабӣ, усули эҷодӣ ва таълиму тадриси адабиёт, нақди адабии асрҳои 20-21, чеҳраҳои намоёни илми сухансанҷӣ, асрори коргоҳи эҷодии аҳли адаб ва намунаҳо аз бойгонии адибону олимон, назарияпардозон ва нақду баррасии осори илмӣ бештар мутаваҷҷеҳ мешавад.
«Вопросы литературы» доир ба масъалаҳои гуногуни адабиёти миллӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, мақолаву тақризҳо ба табъ мерасонад. Дар саҳифаҳои он таълифоти адибони тоҷик М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, М. Шукуров (М. Шакурӣ), А. Сайфуллоев, Р. Ҳодизода, К. Айнӣ, А. Турсунов ва дигарон нашр гардидаанд. Илова бар ин, дар мақолаву таҳқиқоти И. С. Брагинский, З. Г. Османова, Г. Ломидзе ва адабиётшиносони русу миллатҳои дигар вазъи адабиёти гузаштаву имрӯзаи тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар бораи устод С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Р. Ҷалил мақолаҳои ҷудогона чоп гардидааст. Сармуҳаррирони «Вопросы литературы» А. Г. Дементев (1957-59), В. М. Озеров (1959-79), М. Б. Козмин (1979-88), Д. М. Урнов (1988-92), Л. И. Лазарев (1992—2009). Аз соли 2009 сарварии «Вопросы литературы»-ро И. О. Шайтанов ба уҳда дорад. Маҷалла бо теъдоди 2400 нусха чоп мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- «Вопросы литературы» за 20 лет (1957—1976). Указатель содержания, М., 1978.
Сарчашма
вироиш- Вопросы литературы / А. Набавӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.