Бирбал Когру Ворастаи Кашмирӣ (форсӣ: وارتۀ کشمیری‎ (1805, Сринагар — 1875, ҳамон ҷо) — таърихнигор ва шоири форсигӯи Ҳиндустон.

Ворастаи Кашмирӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Дар замони ҳукумати афғонҳо (1754—1819) ва сикхҳо (1819—1848) дар Кашмир зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба қалами ӯ асари таърихии «Маҷмау-т-таворих» (номи дигараш «Маҷмӯу-т-таворих»; маҳфуз дар Донишгоҳи Панҷоби Лоҳур; дар таърихи Кашмир аз оғоз то рӯзгори муаллиф) тааллуқ дорад. Аҳаммияти ин китоб дар он аст, ки муаллиф худ шоҳиди воқеаҳои нигоштааш будааст. Аз Ворастаи Кашмирӣдевоне шомили ғазалиёт, рубоиёт, маснавии «Ситинома» (номи дигараш «Сӯзу гудоз» иборат аз 144 байт дар бораи ситӣ (худсӯзии занони ҳинду пас аз вафоти шавҳарашон) ва манзумае дар таърифи Кашмир боқӣ мондааст. Дар «Ситинома» қиссаи зани ҳиндуеро овардааст, ки дар Кашмир пас аз марги шавҳар худро дар оташе, ки ҷасади ӯро месӯхт, андохтааст. Ворастаи Кашмирӣасари ҳиндии «Маҳашупрон»-ро ба форсӣ тарҷума кардааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • اصلح. تذکرۀ شعرای کشمیر. کراچی، 1346هـ. ش؛
  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلادش). جلد چهارم،بخش سوم. تهران، 1380هـ. ش.ر

Сарчашма вироиш