Ворастаи Сиёлкутӣ
Ворастаи Сиёлкутӣ (форсӣ: وارستۀ سیلکوتی; ? — 1766, ш. Дерғозихони Ҳиндустон) — адиб ва луғатнависи форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
вироишСокини Лоҳур буда, муосиронаш барои боэътимодии таълифоташ ӯро Ворастаи Муҳаққиқ низ ном мебурданд. Шоир Муҳаммадалии Сиёлкутиро (фавт 1731) устоди худ номидааст. Ворастаи Сиёлкутӣ як идда осори илмӣ-адабиеро аз қабили: «Матлаъу-с-саъдайн», «Сифоти коинот» ё «Аҷоибу ғароиб», «Ҷавоби шофӣ» ё «Раҷиму-ш-шаётин», «Ҷунги рангоранг» ё «Тазкираи Вораста», «Эҳқоқи ҳақ» ва ғ.-ро ба мерос гузоштааст. Аммо ба ҳайси муаллифи луғати тафсирии калимаву таъбирҳои шоирона ва вожаҳои дорои маънои маҷозии ֹ«Мусталаҳоту-ш-шуаро» машҳур аст. Луғати мазкур мутобиқи тартиби алифбои арабӣ (ҳарфҳои якум, дуввум ва ғайра) сохта шуда, тақр. ду ҳазор калимаву ибораро дар бар мегирад. Ворастаи Сиёлкутӣ барои таъйиди маъно ва нишон додани мавқеи дурусти истеъмоли калимаву ибораҳо аз осори адибону шоирони маъруфи форс-тоҷик Хусрави Деҳлавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Соиби Табрезӣ, Зуҳурӣ, Муҳсини Таъсир ва дигарон далел овардааст. Ин луғат соли 1853 дар ҳошияи «Баҳори Аҷам», бори дуввум соли 1898, алоҳида дар Лакҳнав ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Капранов В. А. Таджикско-персидская лексикография в Индии XVI–XIX вв. Д., 1987;
- شهریار نقوی. فرهنگ نویسئ فارسی در هندوپاکستان. تهران،1361 هـ. ش.ر
Сарчашма
вироиш- Ворастаи Сиёлкутӣ / А. Сангинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.