Воридия (ар. وارديه‎) — гурӯҳи диние, ки дар мавриди подошу ҷазои охират, аз ҷумла, азоби дӯзах эътиқоди махсуси худро доштанд.

Андеша

вироиш

Тибқи андешаи онҳо муъмин ба оташи дӯзах ворид мегардад, вале дар он нахоҳад монд; ҳамаи оёти ваидия (азоб) дар ҳаққи кофирон аст; муъминро аз дӯзах биме нест ва ӯ аз афтодан дар он эмин аст, зеро касе, ки ба дӯзах афтад, дигар аз он ҷо раҳоӣ намеёбад.

Адабиёт

вироиш
  • العراقي ابو محمد عثمان بن عبدالله بن الحسن الفرق المفترقة. بین اهل الزيغ و الزندقة آنكارا1961 ؛
  • محمد جواد مشكور. فرهنگ فرق اسلامی. چاپ سوم. مشهد، 1375 ش.ر

Сарчашма

вироиш