Ирс, Ворисӣ, меросхӯрӣ, меросбарӣ — дар ҳуқуқи гражданӣ гузариши ҳуқуқи амвол ва ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумилкии ба молумилк вобастаи шахси фавтида (меросгузор) ба дигар шахс ё ашхос (ворисон).

Ворисӣ дар қонунҳои маданӣ

вироиш

Ворисӣ тибқи васиятнома ва қонун анҷом дода мешавад. Ворисӣ тибқи қонун ҳангоми вуҷуд надоштани васиятнома ё дар он муайян нагаштани қисмати ҳамаи мерос, инчунин дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси гражданӣ ҷо дошта метавонад (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 1139). Ворисон тибқи васиятнома ва қонун шаҳрвандони дар лаҳзаи кушодани мерос зинда, кӯдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар қарордошта ва баъди кушодани мерос зинда таваллудшуда, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва давлат буда метавонанд (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 1144).

Ашхосе, ки меросгузор ё яке аз ворисони имконпазирро қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтаанд ё ба ҳаёти онҳо сӯиқасд кардаанд, қасдан ба меросгузор барои амалӣ шудани нияти охирини ӯ монеъ гардида, бо ин роҳ барои ба меросбарӣ даъват шудани худ ё шахсони наздикашон ё барои зиёд кардани ҳиссаи мероси ба онҳо марбута мусоидат кардаанд, на тибқи васиятнома ва на тибқи қонун ба ворисӣ ҳуқуқ надоранд. Падару модар баъди фавти фарзандоне, ки нисбат ба онҳо аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум гардонида шудаанд ва дар лаҳзаи кушодани мерос ин ҳуқуқашон барқарор нашудааст, инчунин падару модар (фарзандхондагон) ва фарзандони болиғ (фарзандхондашудагон), ки аз иҷрои уҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда вобаста ба таъминоти меросгузор саркашӣ намудаанд, тибқи қонун ҳуқуқи ворисӣ надоранд. Ҳолатҳои аз мерос барканор намудани ворисони ношоиста аз ҷониби суд муқаррар карда мешавад. Меъёрҳои зикргардида нисбат ба супориши васият низ татбиқ мегарданд (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 1145).

Дар ҳолати аз ҷониби суд вориси ношоиста эътироф гардидани шахс, ӯ баъди гирифтани мерос уҳдадор аст, ки ҳамаи мероси гирифтаашро якҷо бо фоидаву даромадаш баргардонад. Ҳангоми нигоҳ надоштани амволи меросӣ чунин шахс уҳдадор аст, ки арзиши онро пардохт намояд. Даъво дар хусуси вориси ношоиста эътироф намудани шахс бояд аз тарафи шахсони манфиатдор дар давоми се сол аз лаҳзаи ихтиёрдории меросро ба даст гирифтани ӯ пешниҳод шавад (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1146 ва 1147).

Дар ҳолати аз тарафи ворис рад гардидани мерос, аз тарафи васиятгар ё суд маҳрум намудан аз ҳуқуқи мерос ё бинобар аз миён рафтани ҳолатҳои дар Кодекси гражданӣ нишондодашуда як қисми мерос, ки ҳиссаи ҳамин гуна ворис буд, ба ворисони қонунан меросбар мегузарад ва дар байни онҳо мутаносиб ба ҳиссаи меросиашон тақсим мешавад. Агар меросгузор тамоми амволашро ба ворисони таъйиннамудааш васият карда бошад, як қисми меросе, ки ба шахси аз мерос дасткашида ё ба вориси азмиёнрафта тааллуқ дошт, ба ворисони дигари дар васиятнома зикршуда мегузарад ва дар байни онҳо мутаносиб ба ҳиссаи меросиашон тақсим карда мешавад. Меъёрҳои мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намешаванд:

  • агар ба ҷойи вориси раднамуда ё азмиёнрафта вориси иловагӣ таъйин шуда бошад (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 1151);
  • ҳангоми даст кашидани ворис аз мерос ба фоидаи вориси дигар ё шахси дигар (қисми 3 моддаи 1180 ҳамин Кодекс);
  • ҳангоми меросгирӣ бо қонун рад карда шудани ворис ё ғоиб гардидани ӯ.

Амволи меросӣ бо ҳуқуқи меросӣ дар ҳолатҳои зерин ба давлат мегузарад:

  • агар амвол ба давлат васият шуда бошад;
  • агар меросгузор тибқи қонун ва васиятнома ворис надошта бошад;
  • агар ҳамаи меросбаронро васиятгар аз ҳуқуқи меросбарӣ маҳрум гардонида бошад.


Инчунин дар ҳолати ба фоидаи давлат даст кашидани ворис аз ҳиссааш ва набудани ворисони тибқи қонун, ки танҳо як қисми амволи меросгузор ба онҳо васият шудааст, қисми боқимонда ба давлат мегузарад (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 1149).

Ворисии мурофиавӣ

вироиш
Мақолаи асосӣ: Ворисии мурофиавӣ

Дар ҳуқуқи мурофиавӣ ҳангоми хориҷ шудани яке аз тарафҳо аз муносибатҳои баҳснок ё муносибатҳои ҳуқуқии бо ҳалномаи суди умумӣ ё санади суди иқтисодӣ муқарраршуда (фавти шаҳрванд, азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, гузашт кардан аз талабот, гузаронидани қарз ва дигар ҳолатҳои ивазшавии шахсон вобаста ба уҳдадорӣ), суд метавонад иваз намудани ҳамин тарафро бо вориси ҳуқуқии он иҷозат диҳад. Ворисии ҳуқуқӣ дар ҳамаи марҳалаҳои мурофиа имконпазир мебошад. Дар хусуси иваз намудан ё рад намудани ивази тараф бо вориси ҳуқуқӣ суд таъйинот қабул мекунад. Ҳамаи амалиёте, ки то ворид шудани вориси ҳуқуқӣ ба мурофиа анҷом дода шудааст, барои ӯ ба ҳамон дараҷае ҳатмӣ мебошад, ки метавонист барои шахси ивазнамудаи вориси ҳуқуқӣ ҳатмӣ бошад. Санади судӣ дар хусуси иваз намудани тараф бо вориси ҳуқуқӣ метавонад мавриди шикоят қарор гирад (Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 46; Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ, моддаи 47).

Адабиёт

вироиш
  • Кодекси гражданииҶумҳурии Тоҷикистон, қисми 3. Д., 2005;
  • Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2008;
  • Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ. Д., 2008.

Сарчашма

вироиш