Воркута́ (нен. Варкута, кумӣ Вӧркута) — шаҳр дар Русия, дар Ҷумҳурии Коми, 904 км шимолу шарқи Сиктивкар.

Шаҳр
Воркута
нен. Варкута кумӣ Вӧркута
Кишвар  Русия
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1932
Масоҳат
  • 29,8 км²
Баландии марказ 180 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 82151
Нишонаи почта 169900
воркута.рф(рус.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар соҳили дарёи Воркута (ҳавзаи Печора), 160 км шимолтари доираи қутбӣ, дар минтақаи яхбандии бисёрсола воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 61,6 ҳазор нафар (январи 2015). Истгоҳи охирини р. о. аз Котлас. Фурудгоҳ дорад. Соли 1931 ҳамчун шаҳрак дар робита ба оғози кор дар кони ангиштсанг (солҳои 1930–40 садаи XX дар он маҳбусон кор мекарданд) пайдо шудааст. Аз соли 1942 шаҳр. Воркута маркази бузурги истеҳсоли ангишт ва ташкилию хоҷагидории Ҳавзаи ангишти Печора мебошад. Корхонаи асосиаш – «Воркутаугол». Ангишт бо тарзи конӣ дар шароити иқлими шадиди Заполярия (он сӯйи қутб) истихроҷ карда мешавад. Қатъи истихроҷи ангишт дар баъзе конҳо боиси хеле кам шудани аҳолии Воркута ва шаҳракҳои коргарони атрофи он гардидааст. Дар Воркута заводҳои семент, комбинати чӯб, фабрикаи дӯзандагӣ, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ мавҷуданд. Дар атрофи маркази ҷамъиятиву маъмурии шаҳр конҳои алоҳидаи ангишт бо шаҳракҳои ангиштканон ҷойгир шудаанд. Ҳамаи иморатҳо дар рӯйи сутунҳо сохта шудаанд. Дар Воркута Институти таҳқиқоти илмии Печора оид ба ангишт, экспедитсияи геофизикӣ ва ҷустуҷӯи нафту гази Воркута, Институти кӯҳкорӣ (филиали Донишгоҳи кӯҳкории Санкт-Петербург), осорхонаи кишваршиносии байниноҳиявӣ, театрҳои драмаву лӯхтак фаъолият доранд.

Сарчашма

вироиш