Воробёв, Андрей Иванович (варзишкор)

Воробёв Андрей Иванович (тав. 3 октябри 1924) — варзишгари рус (вазнбардорӣ) ва пизишк; Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1952), Мураббии хидматнишондодаи ИҶШС (1964). Доктори илмҳои тибб (1970), профессор (1972), мудири кафедраи анатомия, ректори Донишкадаи варзиши вилояти Маскав (1977-91).

Воробёв, Андрей Иванович (варзишкор)
Иттилоъоти инфиродӣ

Дастовардҳо

вироиш

Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ (1952) дар вазни миёна, чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1956 ва 1960) дар вазни нимасангин. Ғолиби 5 чемпионати ҷаҳон, 5 чемпионати Аврупо, 10 чемпионати ИҶШС. 21 бор рекорди ҷаҳонӣ ва 37 бор рекорди шӯравиро нав кард. Солҳои 50 садаи XX роҳбар ва мураббии дастаи вазнбардорони ИҶШС дар мусобиқаҳои байналмилалӣ буд. Муаллифи мақолаҳои варзишӣ, монографияҳо ва китобҳои дарсӣ («Ҷаҳондорон», 1972; «Варзиши вазнбардорӣ», 1987).

  • Воробьев А.Н. Анатомия силы. М.: Физкультура и здоровье, 1987. — 84 с.

Сарчашма

вироиш