Ворожейкина, Зинаида Николаевна

Ворожейкина Зинаида Николаевна (тав. 19 январи 1925, Болшие Березники, Мордова) — шарқшиноси рус, доктори илмҳои филология (1980). Ширкаткунандаи ҶБВ (1941-45).

Ворожейкина, Зинаида Николаевна
Таърихи таваллуд: 19 январ 1925(1925-01-19)
Таърихи даргузашт: 2014
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:

ЗиндагиномаВироиш

Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград (1949). Аз соли 1954 дар Шуъбаи ленинградии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС (ҳоло Руссия) кор мекунад. Муаллифи беш аз 100 таълифоти илмӣ, аз қабили «Эраҷ Мирзо. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ» (1961), «Адабиёти навини форсӣ» (1972), «Феҳристи дастнависҳои форсӣ-тоҷикии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС» (1980), «Шоирони муҳити адабии Исфаҳон ва масоили рушди ҳаёти адабии Эрон пеш аз тохтутози муғул (асри 12 — ибтидои садаи XIII)» (1984) ва ғ. Дар рисолаву мақолаҳои Зинаида Ворожейкина масъалаҳои адабиёти форс-тоҷик, ташаккул ва моҳияти доираҳои адабӣ, равияҳои асосии инкишофи назму намояндагони он таҳқиқ шудаанд. Зинаида Ворожейкина ба воситаи барқарор кардани тарҷумаи ҳоли илмӣ, фаъолияти адабӣ ва матни осори намояндагони алоҳидаи мактаби адабии Исфаҳон (Ҷалолуддини Исфаҳонӣ, Камолуддин Исмоили Исфаҳонӣ, Шарафуддини Шафарва, Рафеъуддини Ланбонӣ ва дигарон) мазмуну мундариҷа, бадеиёт, зебошиносии шоирони ин ҳавзаи адабиро таҳқиқ намудааст. Ҷанбаву паҳлуҳои гуногуни адабиёти навини Эронро мавриди таҳқиқ қарор дода, эҷодиёти намояндагони алоҳидаи он (мас., Эраҷ Мирзо)-ро бо эҷодиёти С. Айнӣ муқоиса кардааст, хусусиятҳо ва умумияти ин адибонро ба таври муътамад нишон додааст. Зинаида Ворожейкина дар таҳия, тарҷума ва нашри осори адибони форс-тоҷик, тарҷумаҳои русии рубоиёти Умари Хайём, тарҷумаи русии «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (ҳамроҳи С. Баевский), шоиру нависандагони муосири эронӣ ва тоҷик (тарҷума ва тавзеҳоти шеъру достонҳои Эраҷ Мирзо ва Абулқосими Лоҳутӣ) саҳми басазо дорад. Дар пайравии Умари Хайём ба забони русӣ рубоиҳо навиштааст, ки дар матбуоти Санкт-Петербург ба табъ расидаанд. Бо роҳбарӣ ва мушовирии Зинаида Ворожейкина чанде аз адабиётшиносони тоҷик (А. Абдуллоев, У. Каримов ва дигарон) рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд. Иштирокчии Симпозиуми шеъри форсӣ (Душанбе, 1967) буд.

ОсорВироиш

  • Еще несколько бейтов приписываемых Рудаки // Письменные памятники Востока / Историко-филологические исследования. Ежегодник 1972. М. 1977;
  • «Тухфат-ал-мулук» — средневековый свод нравственных заповедей // Письменные памятники Востока / Историко-филологические исследования. Ежегодник 1973. М., 1979;
  • Исфаханская школа поэтов и литературная жизнь Ирана в предмонгольское время (XII — начало XIII в.). М., 1984.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Милибанд С. Д. Востоковеды России. М., 2008.

СарчашмаВироиш

  • Ворожейкина Зинаида Николаевна / А. Абдуллоев, У. Каримов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.