Воронина, Вероника Леонидовна

Воронина Вероника Леонидовна (14.5.1910. шаҳри Коврово, губ. Владимир — 4.8.2000. Маскав) — бостоншинос ва муаррихи соҳаи таърихи меъморӣ, доктори илмҳои таърих (1962).

Воронина, Вероника Леонидовна
Таърихи таваллуд 14 май 1910(1910-05-14)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 август 2000(2000-08-04) (90 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ бостоншиносӣ[1] ва history of architecture[d][1]
Алма-матер

Зиндагинома

вироиш

Баъди Ҷанги гражданӣ ба Осиёи Миёна омад. Хатмкардаи Институти меъмории Маскав (1935). Солҳои 1936-37 ассистенти кафедраи лоиҳакашии Институти осиёимиёнагии индустриалӣ дар Тошканд, 1937-40 меъмори Идораи лоиҳакашии шаҳри Тошканд, 1942-43 ходими калони илмӣ Академияи меъмории ИҶШС, 1943-46 мудири сектори Институти таҳқиқоти илмии санъати Ӯзбекистон дар Тошканд, аз соли 1946 ходими калони илмии Академияи меъмории ИҶШС (баъдтар Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии назария, таърихи меъморӣ ва шаҳрсозӣ) дар МаскаВероника Воронина Вероника Воронина соли 1943 дар бахши хонаҳои иқоматӣ ва усули иморатсозии мардуми Осиёи Миёна рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Ӯ дар экспедитсияҳои археологии ш.-ҳои қадими Осиёи Миёна — Хоразм, Суғд, Истаравшан ва Шош, ҳафриёти бостоншиносии Оқтеппаи назди Тошканд (1940-41), Мунҷоқтеппа (1944), ёдгориҳои бостонии Хоразм (1945-46), шаҳристони Панҷакент (1946-47) ва водии Фарғона (1968) ширкат карда, бештар истифодаи масолеҳи сохтмон, хусусиятҳои шаҳрсозӣ ва услуби меъмории таърихи тоисломии Осиёи Миёнаро омӯхт. Вероника Воронина зимни омӯзиши санъати ороишии деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, лавҳаи кандакории меҳроби Искодар, нақшунигор ва банду басти сутунҳои Оббурдан, Фатмев ва Урметан такомули нақшҳои ҳандасию табииро дар санъати ороиши амалии ҳунармандони тоҷик дар аҳди ислом илман асоснок кард. Вероника Воронина соли 1968 дар ҳайати экспедитсияи таҳқиқоти комплексии шимоли Тоҷикистон иштирок карда, умумиятҳо ва тафовутҳои иморатсозии водии Фарғонаро бо тарзи хонасозии Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Миср ва дигар кишварҳои Шарқ муқоиса намуд. Вероника Воронина санъати меъмории мақбараи Исмоили Сомониро (Бухоро) бо мақбараи Сабо Банот (1010) дар Қоҳира, мақбараҳои Маҳмудшоҳи Манду (1450) ва Гулгунбад (1660) дар Ҳиндустон қиёс намуда, айнияти тарҳи мураббаъ, умумияти арақаҳо, қаробати усули гунбадсозии онҳоро дарёфт. Вероника Воронина ҳамчунин дар омӯзиши таърихи санъати меъмории Афғонистон, Эрон, Миср, Урдун, Чин, Ҷопон ва кишварҳои Шарқи Наздик саҳм гузошт. Муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ ва асарҳои таҳқиқотист.

Ҷоизаҳо

вироиш

Вероника Воронина барои ширкати фаъол дар интишори силсилакитоби энсиклопедияи «Таърихи умумии санъати меъморӣ» сазовори Мукофоти давлатии СССР (1979) шуд.

  • Народные традиции архитектуры Узбекистана. М., 1951;
  • Народная архитектура северного Таджикистана. М., 1959;
  • Народное жилище арабских стран. Каир, Ленинград, М., 1972. 1974;
  • Конструкции и художественный образ в архитектуре Востока. М., 1977;
  • Средневековый город арабских стран. М., 1991.

Адабиёт

вироиш
  • Проскурякова Т. С. Вероника Леонидовна Воронина — учёный и педагог // Вопросы всеобщей истории архитектуры. Вып. 2. М., 2004.

Сарчашма

вироиш
  • Воронина Вероника Леонидовна / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.