Ворухӣ — як навъ зардолуи маҳаллӣ.

Дарахташ ҳирамшакл, серҳосил, то 200 кг самар овардааст. Ниҳоли пайвандиаш баъди 4 сол ба воя мерасад. Охирҳои март гул карда, мевааш аввали август мепазад. Самараш байзашакл, вазнаш 25-30 г, андозааш 34 х 34,6×33,3 мм; чоки паҳлуяш ноаён, пӯсташ тунуки сахт, пашмакдор, ба гӯшт сахт часпидааст; рангаш зарди қаймоқмонанд, холҳои зардтоб дорад. Гӯшти мевааш хамираки сершира, хуштаъму хушбӯ; дар таркибаш то 24 % моддаҳои хушк, 12 % қанд ва 1,3 г/л туршӣ мавҷуд аст. Донакаш миёнаҳаҷм (22 х 17,6 х 10,6 мм), аз гӯшташ ба осонӣ ҷудо мешавад; мағзаш ширин. Думчамевааш сахт, қисми зиёди мевааш дар шохаҳо мехушкад. Самарашро асосан тар мехӯранд, мехушконанд (22 % баргак ва 34 % ғӯлинги зардча ҳосил мешавад). Ворухӣ бештар дар деҳаҳои Оббурдан, Пастиғав, Ревомутки ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ва деҳаҳои Рарз, Дардар, Искодару Варзиманори ноҳияи Айнӣ мерӯяд. Дарахташ сармобардор аст. Ба меваи دорухӣ асосан пармачӣ ва касалии оташак осеб мерасонад.

Адабиёт

вироиш
  • Гулов С. М. Мевапарварӣ. Д., 2007;
  • Богушевский П. Н. Абрикосы Верхнего Зеравшана//Плодовые Среднего Таджикистана. Сталинабад, 1948;
  • Розанов Б. С., Данилов В. В., Скороход С. Т. Плодоводство Таджикистана. Д., 1978.

Сарчашма

вироиш