Восил ибни Амр ал-Қайсӣ

Восил ибни Амр ал-Қайсӣ (? — 739) — волии Бухоро дар замони истилои арабҳо.

Восил ибни Амр ал-Қайсӣ

Табарӣ ду бор аз Восил ибни Амр ёд намудааст: бори аввал дар ҷанги арабҳо бо суғдиёну туркҳо ба ҳолати душвор афтода, бо сипоҳи худ аз пушт ба онҳо зарба зада ғолиб меояд (729—730). Бори дуввум соли 739 ҳангоми шарҳи кушта шудани бухорхудот Туғшода ва Восил ибни Амр аз дасти ду деҳқони бухороӣ, ки барои шикоят ба назди Наср ибни Сайёр омада буданд. Мутобиқи маълумоти Табарӣ Восил ибни Амр дар Бухоро зиста, якҷоя бо мардуми Бухоро дар назди деҳаи Зармони Самарқанд бо дастаи савораи туркҳо ҷангидааст. Восил ибни Амр ба ҷамъоварии хироҷу молиёт ва фаъолияти бухорхудот назорат мекард. Восил ибни Амр бо мардуми маҳаллӣ алоқа надошт ва хироҷ аз тарафи амалдорони маҳаллӣ ҷамъоварӣ мешуд.

Адабиёт

вироиш
  • Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Д., 2012.

Сарчашма

вироиш