Воситаҳои гозурӣ
Воситаҳои гозурӣ, васоити шустагарӣ — маводде, ки маҳлули обиашон барои тоза кардани филизз, шиша, сафол, пӯст ва матоъ истифода мешавад.
Ба воситаҳои гозурӣ омехтаи намакҳои минералӣ, маводди органикӣ ва ғ. мансубанд. Замонҳои қадим ба сифати воситаҳои гозурӣ маводди табиӣ, мас., намакҳои ишқор (поташи хокистари рустанӣ, содаи табиӣ), гил (мас., гили бентонитӣ), шираи баъзе рустаниҳоро кор мефармуданд. Истеҳсоли саноатии воситаҳои гозурӣ-и сунъӣ солҳои 30 садаи XX дар Олмон ба роҳ монда шуд; солҳои 50 садаи XX истеҳсоли онҳо дар дигар давлатҳои мутараққӣ низ ривоҷ ёфт.
Асоси воситаҳои гозурӣ аз моддаҳои шӯянда иборат аст. Онҳо ба ду гурӯҳ — ионогенӣ ва ғайриионогенӣ ҷудо мешаванд. Моддаҳои ионогенӣ дар об ба ионҳо таҷзия гашта, аз анвои гуногун, мас., катионӣ (ионҳояшон мусбатзаряд мебошанд), анионӣ (ионҳояшон манфизаряданд) ва амфотерӣ (ионҳояшон дар муҳити ишқорӣ манфизаряд ва дар муҳити турш мусбатзаряданд) иборатанд. Дар асоси моддаҳои шӯянда собунҳои равғанӣ ва бисёр воситаҳои гозурии сунъӣ ҳосил карда шудаанд. Бо ин мақсад аз намакҳои калий ё намакҳои натрийи кислотаҳои олии чарбӣ (аз равғани рустанӣ ё чарби ҳайвонот тайёр мекунанд), намакҳои сулфокислотаҳову сулфоэфирҳои турш, туршиҳои чарби сулфуронида, эфирҳои полиэтилении кислотаҳо, спиртҳо, алкилфенолҳо ва алкилнафтолҳо, ҳосилаҳои полиоксиэтилении аминҳои алифатӣ, амидҳо, меркаптанҳо ва ғ. истифода мебаранд. Барои беҳтар шудани хосияти шустагарии воситаҳои гозурӣ ба онҳо моддаҳои сафедкунанда, гандзудо, хушбӯй, ферментҳои гуногун (барои хориҷ кардани сафедаҳои ҳалнашаванда) ва ғ. илова менамоянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Файнгольд С. И. Синтетические моющие средства из нефтяного и сланцевого сырья. Л., 1964;
- Неволин Ф. В. Химия и технология синтетических моющих средств. М., 1971;
- Абрамзон А. А., Гаухберг Р. Д., Григорьев С. Н. Поверхностно-активные вещества и моющие средства, Справочник. М., 1993;
- Олонцев И. Ф. Производство СМС и ТБХ в 2000 году; цифры и коментарии// Бытовая химия, № 5, 2001.
Сарчашма
вироиш- Воситаҳои гозурӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.