Восиқи Нишопурӣ
Мирзо Ҳасанбек Восиқи Нишопурӣ (форсӣ: واثق نیشاپوری; асри 17) — шоири форс-тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар Нишопур таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз нахустин навиштаҳои шӯрангез ва диловезаш дар татаббӯъ ба Абдуллоҳи Ансорӣ тазкиранигор Насрободӣ ёд кардааст. Инчунин дар «Тазкираи Насрободӣ» аз сафари Восиқи Нишопурӣ ба Ҳинд ва бозгашташ ба Эрон сухан меравад. Тазкиранигори Ҳиндустон Сархуш дар «Калимоту-ш-шуаро» Восиқи Нишопуриро чун шоири тавоно ва хушсухан тавсиф кардааст. Аз осораш намунаҳо тавассути тазкираҳо расидаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Восиқи Нишопурӣ / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.