Абуҷаъфар Ҳорун ибни Муҳаммади Муътасим Восиқ Биллоҳ (ар. أبو جعفر هارون الواثق بالله‎ ;811/812, Макка — 10 августи 847) — нуҳумин халифаи аббосӣ, ки пас аз фавти падараш Муътасим ба хилофат расид (841–846).

Восиқ Биллоҳ
ар. الواثق
Динори халифа Восиқ
Динори халифа Восиқ
Таваллуд 17 июл 812(0812-07-17)
Даргузашт 10 август 847 (35 сол)
Дудмон Аббосиён
Падар Муътасим[d]
Модар Qaratis[d]
Фарзандон Муҳтадӣ[d]
Эътиқод ислом

Ҳукумат

вироиш

Восиқ Биллоҳ мисли падараш дар идораи хилофат ба туркҳо эътимод карда, баландтарин мансабҳои идорӣ – лашкардор, хазинадор ва ғ.-ро ба онҳо дода буд. Сарварии лашкар ва муҳофизати қасри халифаро хони туркҳо Эйтох ба уҳда дошт. Пас аз фавти Восиқ Биллоҳ туркҳо дар таъйини валиаҳд дахолат карда, Ҷаъфар ибни Муътасимро бо лақаби Мутаввакил ба хилофат расониданд. Восиқ Биллоҳ ақидаҳои муътазила, офариниши Қуръонро ба пайравии падараш пуштибонӣ карда, ба тағйири ақидаи донишмандон пардохт ва онҳоро ба қабули ақидаҳои муътазила маҷбур сохт. Дар эътироз ба ин сиёсати Восиқ Биллоҳ аҳли Бағдод ва вилоятҳо соли 846 бо роҳбарии Аҳмад ибни Наср ибни Молики Хузоӣ даст ба исён заданд. Восиқ Биллоҳ роҳбарони исён, аз ҷумла Аҳмадро дастгир карда, ба қатл расонд. Дар марзҳои шарқӣ Тоҳириён манфиатҳои хилофатро ҳимоя мекарданд, вале зидди сиёсати муътазилии Восиқ Биллоҳ буданд. Донишмандони фироркарда аз таъқиботи Восиқ Биллоҳ дар Нишопур аз ҷониби Абдуллоҳ ибни Тоҳир ва Тоҳири II (845–862) паноҳгоҳ меёфтанд. Дар оғози хилофати Восиқ Биллоҳ қабилаи Қайс бо роҳбарии Беҳас дар Димишқ, яманиён дар Фаластин ва қавми барбарҳо дар шимоли Африқо даст ба шӯриш заданд. Восиқ Биллоҳ ин шӯришҳоро ба воситаи сипоҳиёни Раҷо ибни Айюби Ҳазорӣ пахш кард. Баъдан Восиқ Биллоҳ барои устувор кардани вазъи дохилии хилофат ба ғоратгарии Банӣ Сулайм дар Ҳиҷоз ва атрофи Мадина (844), Банӣ Мурра дар ҷануб ва маркази Арабистон ва Банӣ Намир дар Ямома (846) хотима бахшида, онҳоро бо лашкари Буғои Кабир саркӯб намуд. Восиқ Биллоҳ барои озод кардани мусулмонҳо аз асорати давлатҳои ҳамсоя талош намуда буд. Пас аз фавти Восиқ Биллоҳ давраи аввали хилофати Аббосиён ба поён расид.

Адабиёт

вироиш
  • Фильштинский И. М. История арабов и халифата (750–1517 гг.). М., 2006.
  • خير الدين الزريكلي، الأعلام. بيروت، 2005؛
  • امينة بيطار، تأريخ العهد العباسي دمشق، 1997؛
  • سيد عبد العزيز سالم، العصر العباسي الاول. اسكندرية، 1993؛
  • ابراهيم ايوب، التأريخ العباسي السياسي والحضاري. بيروت، 1989؛
  • سید احمد رضای خضری، تآریخ خلافت عباسی از آغاز تا پایان آل بویه. تهران، 1384 ش.؛

Сарчашма

вироиш