«Восток» — силсилаи мушак-барандаҳои сезинагӣ барои ба мадори наздизаминӣ баровардани киштиҳои кайҳонӣ.

Восток
Нигора
Кишвар
Кишвари созанда
Ихтироъкор S.P. Korolev Rocket and Space Corporation Energia[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Восток» таҳти роҳбарии акад. С. П. Королев сохта шудааст. Дарозии «Восток» 38,2 м, қутраш 10,3 м, вазнаш 287 т аст. Дар ҳама зинаҳои «Восток» сўзишвории моеъ – карасин ва оксигени моеъ истифода мешавад. «Восток» дастоварди бузурги мушаксозии шӯравӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар тавсифоти баланди энергетикӣ доштан ва боэътимод будани сохти он бо ёрии «Восток» ба мадори Замин ҳама аппаратҳои кайҳонии силсилаи «Восток», стансияҳои байнисайёравии «Луна–1» – «Луна–3», баъзе радифҳои маснӯи Замин (силсилаи «Космос», «Метеор» ва «Электрон») бароварда шудаанд. Нахустин киштии кайҳонӣ бо нахустин сарнишин – кайҳоннавард Ю. Гагарин бо мушак-барандаи «Восток» 12 апрели 1961 ва аввалин зан – сарнишин Восток Терешкова бо «В–6.» аз космодроми Байконур ба мадори наздизаминӣ парвоз кардаанд.

Сарчашма

вироиш