Восӯхт (форсӣ: واسوخت‎) — безорӣ, эъроз ва рӯгардонӣ аз маъшуқ, дар адабиётшиносӣ шеъреро гӯянд, ки дар навъҳои гуногуни назм, бештар ва маъмултар – ғазал суруда мешавад ва он мазмуни бо эъроз рӯй гардондан аз маъшуқа, тарки ишқи ӯ карданро дорад. Шеърҳои бад-ин мазмун нигошташуда дар эҷодиёти шуарои аҳди Ғазнавиён (асрҳои 11–12) ба назар мерасанд, вале авҷи пешрафт, нашъу нумӯи он ба асрҳои 15–16, ба давраи ба сари кор омадани мактаби вуқӯъ тааллуқ дорад ва восӯхт гуфтан дар миёни шоирони форсизабони Ҳиндустон ба равияи эҷодие табдил ёфта буд. Шеъри восӯхт дар эҷодиёти Ваҳшии Бофқӣ бештар ба назар мерасад. Намунаҳои шеъри восӯхт:

Зуд восӯзад зи ишқи оташин рухсори гул,
Булбул ар з-ин гуна нози боғбон хоҳад кашид.

Таъсири Табрезӣ

Ҷоми шароби ишқи ту кайфияте надошт,
Мастӣ баҳона сохтаму бар замин задам.

Ҳамдамии Машҳадӣ

Тарки ишқат, эй бути номеҳрубон, хоҳем кард,
Бо дигар номеҳрубон улфат ба ҷон хоҳем кард.
Улфатат гар нест бо мо, эй ҷафоҷӯ, гӯ мабош,
Мо ба рағмат улфате бо дигарон хоҳем кард.
Қаҳти хубон нест, ҳар ҷо дилбаре хоҳем ҷуст,
Дил ба қайди турраи он дилситон хоҳем кард.
Қадри ишқи мо агар пеши ту набвад, нест ғам,
Ишқбозӣ бо нигоре қадрдон хоҳем кард.
Мо зи кӯят ин замон рахти иқомат мекашем,
Ин напиндорӣ, ки боз ин ҷо макон хоҳем кард.
Гар бинои дӯстӣ муҳкам кунӣ бо Муҳташам,
Хоки поятро даруни дидагон хоҳем кард.

Адабиёт

вироиш
  • گلچین معانی احمد. مکتب وقوع. تهران، 1347 هـ. ش.؛
  • شبلی نعمانی. شعرالعجم. تهران، 1363 هـ. ش.؛
  • رستگار فسایی منصور. انواع شعر فارسی. شیراز، 1373 هـ. ش.؛
  • فر هنگنا مۀ ادبی فارسی. دانشنامۀ ادب فارسی. 2. تهران،1376 هـ. ش.ر

Сарчашма

вироиш