Вотадеҳа дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ. Аз Вота то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 45 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 520 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Вота
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Айнӣ
Ҷамоат Деҳоти Урметан
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 520 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3479
Нишонаи почта 735520

Иқтисод

вироиш

Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаи хидмати маишӣ, 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва зироаткорӣ. Заминҳо аз дарёчаи Вота обёрӣ мешаванд. Вота то соли 1850 дар ҷойи ноҳамвор ҷойгир будааст. Мардумаш минбаъд ба ҳамворӣ кӯчида, ҳоло 300 га замини обиро кишт мекунанд. Дар ҳудуди Вота хоҷагии деҳқонии ҷамоавии «Вота – Ёвон» ва 7 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш