Вофӣ
Вофӣ (ар. وافی – вафокунанда ба аҳд, нигаҳбони аҳд) — дар илми арӯз байтест, ки рукнҳои он солиманд, яъне таҷзият – ба ҷузъҳо ҷудо кардан дар он роҳ наёфтааст.
Мисол:
Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.
мустафъилун / мустафъилун / мустафъилун / мустафъилун
_ _ V _ / _ _ V _ / _ _ V _ / _ _ V _Саъдӣ
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
V _ _ _ / V _ _ _/ V _ _ _/ V _ _ _
мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун / мафоӣлун /Ҳофиз
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- شمس الدین محمد بن قیس الرازی، المعجم فی معاییر اشعارالعجم، تهران، 1338، ش.؛
- دهخدا. لغت نامه. جلد 15، تهران، 1377 ش.ر
Сарчашма
вироиш- Вофӣ / У. Тоиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.