Вошии Лоҳурӣ
Абуҷаъфар Умар ибни Исҳоқ Вошии Лоҳурӣ (форсӣ: واشی لاهوری) — шоири форс-тоҷик (асри 12).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар тазкираҳо аз «Лубобу-л-албоб»-и Авфии Бухороӣ (асри 13) гирифта, то ба «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят (асри 19) номаш омадааст ва чун шоиру донишманд, сарояндаи қасоиди маснӯъ (ороста бо санъатҳои бадеии гуногун) тавсиф шудааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:
Дӯш дар савдои дилбар будаам,
Бо лаби хушку рухи тар будаам.
Дар хумори абҳари махмури ӯ,
Дида боз аз ғам чу абҳар будаам.
В-аз нами чашму тафи дил ҳар замон,
Гӯӣ андар обу озар будаам.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- محمد عو فی. لباب الاباب. تهران،1331 هـ.ش.
- رضا قلی خا ن هدا یت. مجمع الفصحا. جلد اول. تهران، 1336هـ. ش.ر
Сарчашма
вироиш- Вошии Лоҳурӣ / Ш. Муҳаммадиев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.