Воқеият (ар. واقعیت‎ — воқеӣ будан) — дар фалсафа кулли мавҷудот, дар маҷмӯъ олами объективӣ, ки новобаста ба ирода ва тасаввуроти инсон вуҷуд дорад; ҳақиқат ҳамчун ҳастии билфеъл.

Дар маърифати илмии муосир мафҳуми воқеият барои ифодаи ягон ҷанба ё бахши ҳастӣ истифода шуда, мавзӯи илми мушаххасро фаро мегирад (мас., воқеияти физикӣ, воқеияти биологӣ, воқеияти иҷтимоӣ ва ғайра). Воқеияти физикӣ низоми мудракҳои назариявиеро дар бар мегирад, ки тавассути назарияҳои алоҳидаи физикӣ (ё худ маҷмӯи назарияҳо) мураттаб гардида, ба онҳо мақоми ҳастишиносӣ дода шудааст. Воқеияти физикӣ олами воқеии объективиро тавассути мафҳумҳо, қонунҳо ва усулҳои назариявӣ-физикӣ тавсиф мекунад ва аз ин рӯ, онро аз воқеияти объективӣ, ки аз ягон назарияи физикӣ вобаста нест, бояд фарқ кард. Воқеияти биологӣ на танҳо ҳастии объективии олами биологӣ, балки рафтори фаъоли мудрикро низ дар бар мегирад.

Дар материализми диалектикӣ воқеият ба ду маъно фаҳмида мешавад:

  • кулли ҳастӣ, яъне тамоми олами моддӣ бо ҷумлаи маҳсулоти идеалии он;
  • воқеияти объективӣ, яъне маҷмӯи тамоми намудҳои моддаи ҳастӣ.

Воқеият бо ҳам муносибати мураккаб доранд: ҳастӣ маҷмӯи намудҳои воқеият буда, воқеиятро ҳамчун ҷузъи таркибии худ фаро мегирад.

Адабиёт

вироиш
  • Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
  • Виртуальная реальность как феномен науки, техники и культуры. СПб., 1996;
  • Лефевр В. А. Космический субъект. М., 1996;
  • Виртуальная реальность. Философские и психологические проблемы. М., 1997;
  • Опенков М. Ю. Виртуальная реальность диалога. Новые образы познания и реальности. М., 1997;
  • Носов Н. А. Виртуальная философия // Философский век. СПб, 1998;
  • Фролов И. Т. Введение в философию. М., 2003.

Сарчашма

вироиш