Воқеъот
Воқеъот (ар. الواقعات) — тибқи табақабандии фуқаҳои ҳанафӣ, табақаи сеюми масъалаҳои фиқҳӣ, ки аз фатвоҳо иборат аст.
Воқеъот масъалаҳоеанд, ки онҳоро муҷтаҳидони баъди пешвоёни мазҳаб, аз қабили шогирдони имом Муҳаммад ва қозӣ Абуюсуф, шогирдони шогирдони онҳо ва дигар муҷтаҳидон ҳангоми дучор омадан ба воқеоте, ки аз пешвоёни мазҳаб оид ба онҳо ҳеч ривояте наомадааст, ба иҷтиҳоди худ вориди илми фиқҳ кардаанд. Аввалин китобе, ки оид ба воқеъот таълиф шудааст, «ан-Навозил»-и фақеҳ Абулайси Самарқандӣ (фавт 986) мебошад, ки онро соли охири зиндагии худ ба тариқи имло таълиф кардааст. Дар ин китоб муаллиф фатвоҳои муҷтаҳидони баъд аз имомони мазҳабро фароҳам оварда, масъалаҳои худ ихтиёркардаро низ ёд кардааст. Сипас ба тадриҷ китобҳои дигаре таълиф шудаанд, ки дар онҳо ҳар се табақаи масъалаҳоро якҷо ва омехта ба ҳам овардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- حاجى خليفة. كشف الظنون عن اسامى الكتب و الفنون. الجزء الثانى. بيروت، ۲۰۰۷؛
- محمد عبد الحىّ اللكهنوى. عمدة الرعاية فى حل شرح الوقاية. دهلى،۱۹۱۴.ر
Сарчашма
вироиш- Воқеот / С. Шаҳобуддинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.