«Воқеоти Кашмир» (форсӣ: واقعات کشمیر‎) — асари таърихнигор Муҳаммад Аъзами Дидамарӣ, ки ба султон Муҳаммадшоҳ (1719–1748) бахшида шудааст.

Воқеъоти Кашмир
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ

«Воқеъоти Кашмир» дар пайравии мактаби таърихнигории маҳаллӣ таълиф ёфта (1755), оид ба таърих, шарҳи ҳоли олимон, орифон ва шоирони Кашмир маълумот медиҳад. Ба қавли муаллиф, сабаби таълифи китоб дар он буд, ки таърихнигорони пешин Мулло Ҳусайни Қорӣ ва Мирзо Муҳаммадҳайдари Дуғлот – муалифи «Таърихи Рашидӣ» зимни навиштани таърихи минтақа ба ситоиши ҳокимони замон пардохта, аз сабти рӯйдодҳои муҳим чашмпӯшӣ кардаанд. «Воқеъоти Кашмир» аз муқаддима, се фасл ва хотима иборат аст. Муқаддимаи «Воқеъоти Кашмир» ба тавсифи Кашмир, фасли аввал ба таърихи тоисломии минтақа, фасли дуввум ба таърихи давлатдории мусулмонон то давраи забт шудани Кашмир аз ҷониби Акбаршоҳ бахшида шуда, фасли сеюм таърихи Кашмирро дар давраи ҳукмронии Темуриёни Ҳинд дар бар мегирад. Забони асар содаву равон буда, муаллиф шарҳи ҳоли донишмандон ва шоиронро ба тартиби замонӣ, дар охири ҳар давраи ҳукмронии шоҳон зикр кардааст. «Воқеъоти Кашмир» соли 1886 дар Лоҳур бо номи «Таърихи Кашмири Аъзамӣ» чоп шудааст.

Адабиёт

вироиш