Воқифи Хуҷандӣ
Нуруддин ибни Амонуллоҳ Воқифи Хуҷандӣ (форсӣ: واقف خجندی; нимаи аввали садаи XIX) — шоири форс-тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишҶузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Аз осори ӯ девони мунтахабе дастрас гардидааст, ки дар ИЗАШМХ АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар девони мазкур 14 ғазал, 17 рубоӣ ва 3 фард фароҳам омадаанд. Ба ғайр аз ин дар баёзҳо якчанд ғазали ӯ сабт гардидааст. Дар ғазалиёти Воқифи Хуҷандӣ мавзӯъҳои ишқӣ-ирфонӣ, танқиди зулму золимӣ, мазаммати баъзе шайхону суфиёни риёкор ва ғ. ба назар мерасад. Сабки эҷод, тарзи баён ва забони шеъри Воқифи Хуҷандӣ равону дилкаш аст. Баъзе шоирон, масалан, Нодими Истаравшанӣ, ба ғазалҳои ӯ мухаммас бастаанд. Ин байт аз эҷоди ӯст:
Чӣ кунам, гар наравам дар пайи риндӣ, Воқиф,
Муътақид нест дилам шайхию муллоиро.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Воқифи Хуҷандӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи дастхатҳои шарқии Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон. Ҷ. V. Д., 1974.