Воқиф, Мулло Алиқули Халхолӣ

Воқиф (форсӣ: واقف‎), Мулло Алиқули Халхолӣ (фавт 1554) — шоири форс-тоҷик (асри 16).

Воқиф, Мулло Алиқули Халхолӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Номаш дар «Тазкираи Насрободӣ», «Донишмандони Озарбойҷон», «Фарҳанги суханварон» ва ғ. ёд шудааст. Дар Исфаҳон муаллим будааст. Дар навъҳои гуногуни адабӣ шеър гуфтааст, ки онҳо дар девонаш фароҳам омадаанд. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Нест равшантинатонро аз ғами гардун малол,
Дар дили дарё гиреҳ кай мавҷи дарё мешавад.
***
Дар либоси фақр ҳам осудагӣ набвад маро,
Бахяҳои хирқа бар ман ҷодаҳои ваҳшат аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • .دهخداعلی اکبر. لغتنامه. جلد 15، تهران، 1377 هـ. ش

Сарчашма вироиш