Воқиф (шоир)
Воқиф (форсӣ: واقف; асри 16) — шоири тоҷик.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишМувофиқи маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ, Воқиф аслан аз мардуми Қандаҳор будааст. Ба Исфаҳон омада, ба хидмати ҳукмрони давр ворид гардид. Малеҳо бо ӯ вохӯрда, намунаҳои ашъорашро барои тазкирааш гирифтааст. Ашъорашро «бисёр-бисёр намакин ва матин» гуфтааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:
Ишқ агар з-ин гуна берун оварад он моҳро,
Далви Юсуф косаи дарюза гардад чоҳро.
Ваҳдати оина аз як оҳ барҳам мехӯрад,
Касрати ғам бештар бошад дили огоҳро.
Арзи матлабро маҷоли як қадам рафтор нест,
Обрӯ гул карда азбас хоки ин даргоҳро.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- مذاکرالاصحاب یا تذ کرةالشعراء ملیحای سمرقندی. دوشنبه. ۱۳۸۵هـ. ش
Сарчашма
вироиш- Воқиф / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.