Воҳа
Воҳа (ар. الواحة) — мавзеъи обод дар биёбон ва нимбиёбон. Дар адабиёти ҷуғрофиёӣ ҳамчун навъи манзараҳо (ландшафтҳо) маънидод шудааст.
Мафҳум
вироишБаромади ин мафҳум таърихи худро дорад. Юнониҳо зимни аз биёбони Либиё гузаштан мавзеъҳоеро мушоҳида карданд, ки сабз метофт. Онро бо забони юнонӣ «оаза» (воҳа) гуфтанд.
Навъҳо
вироишВоҳаҳо ду навъ мешаванд: табиӣ ва антропогенӣ. Воҳаҳои табиӣ, асосан, масоҳати хурд дошта, дар шароити биёбон дар атрофи чашмаҳо дар натиҷаи ба сатҳи замин наздик шудани обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд омадаанд. Шарти асосии дар биёбон ба вуҷуд омадани воҳаҳои табиӣ ба сатҳи замин наздик будани обҳои зеризаминӣ ва оби чашмаҳо мебошад. воҳаҳои Тамдин ва Басулок, ки дар биёбони Қизилқум дар атрофи чашмаҳо пайдо шудаанд, воҳаҳои табиӣ мебошанд. воҳаҳои антропогенӣ дар натиҷаи обёрӣ намудани биёбон ва нимбиёбонҳо ба вуҷуд меоянд. воҳаро аксаран аз дарё, кӯл ва наҳру чоҳҳо ва насосҳои обкаш обёрӣ мекунанд. Ба ин Наҳри Калони Фарғона, наҳрҳои Қароқум, Шимоли Фарғона, Дилварзин, насосҳои ноҳияҳои Ашт, Зафаробод мисол шуда метавонанд. Масоҳати бисёр воҳаҳо дар ибтидо аз сабаби нарасонидани об маҳдуд буд. Баробари инкишофи илму техника, хусусан обёрии механикӣ, ҳудуди онҳо васеъ гардида, дар баъзе ҳолатҳо бисёр воҳаҳои хурд бо ҳам пайваст шуданд, мисли ноҳияҳои Конибодом ва Хуҷанд. Аз нигоҳи геоботаникӣ олами набототи воҳаҳои антропогенӣ омехта мебошад. Дар ин ҷо ҳам набототи табиӣ ва ҳам мазрӯъ омехта месабзанд. Дар воҳаҳои антропогенӣ танҳо дарахту буттаҳо 900 навъро ташкил медиҳанд. воҳаҳои антропогенӣ инчунин бо зичии аҳолӣ фарқ мекунанд. Дар он ҷо дар як км² зиёда аз 300—400 нафар одамон зиндагонӣ мекунанд. Маҳаллаҳои аҳолинишин, асосан, дар канори наҳрҳои магистралӣ ва шохаҳои онҳо воқеанд. Дар натиҷаи обёрии сунъӣ аз сатҳи воҳаҳо нами зиёд бухор шуда, ҳаворо серрутубат мекунад. Дар натиҷаи он дар сатҳи воҳаҳо нисбат ба қаламрави обёринашаванда муҳити табиии хос ташаккул меёбад, ки барои аз худ намудани воҳа ва тамоюлу самтҳои хоҷагидорӣ мусоидат менамояд. Ҳамаи тағйироте, ки бухоршавии босуръати об ба миён овардааст, боиси тағйирёбии бисёр омилҳои иқлимӣ гардидаанд. Дар заминҳои обёришуда маҷмӯи бориши якмоҳа то ба 200 мм мерасад. Ҳарорати заминҳои обёришуда ҳам аз биёбони азхуднашуда фарқ мекунад. Мас., дар арзи 420 маҷмӯи ҳарорат дар воҳаҳо 420, дар биёбон 470-ро ташкил медиҳад. Бухоршавии босуръати об аз сатҳи хок, наботот ва ҳавзаҳои об (кӯлҳо, обанборҳо, наҳрҳо) таносуби намии нисбӣ ва мутлақро ба таври назаррас тағйир медиҳад, дараҷаи ҳарорати ҳаворо паст менамояд. Дар фасли гарми сол ҳарорати ҳаво дар воҳаҳо нисбат ба заминҳои обёринашуда 2-30 паст мешавад, намии ҳаво 8-110 меафзояд. воҳаҳо бо ғафсии қабати ҳосилхези хоки худ фарқ мекунанд. Ғафсии қабати ҳосилхези хоки воҳаҳои Хуҷанд ва Бухоро 3 м аст. воҳаҳо аз набототи алафӣ ва дарахту буттагӣ ғанӣ мебошанд. Дар воҳаҳо зироатҳои гуногун, дарахтони мева (себ, зардолу, шафтолу, нок) ва сояафкан (бед, сафедор, арар) парвариш карда мешаванд. Дарахтон аҳаммияти экологӣ доранд. Онҳо дар баландии 10 м суръати шамолро нисбат ба биёбони кушод 70-80 дарсад суст менамоянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ланге О. Б. Ферганская котловина. Л., 1937;
- Саушкин Ю. Г. Культурный ландшафт. М., 1946;
- Ильин И. А. Важные ресурсы ферганской долины. Л., 1959;
- Абдулқосимов А. Вопросы классификации антропогенных ландшафтов Средней Азии. Воронеж, 1961;
- Мурзаев Э. М. Средная Азия. М., 1961; Советский Союз. Таджикистан. М., 1968.
Сарчашма
вироиш- Воҳа / М. Раҳимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.